Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Соҳибдилеву соҳибназаре: нашри китоби тозаэҷод бахшида ба 100-солагии Меҳрубон Назаров

17.05.22Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 100 - солагии арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангии тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, коргардон, драмнавис, профессор Меҳрубон Назаров китоби маҷмӯаи мақолаҳо бо номи "Соҳибдилеву соҳибназаре" дар таҳияи Азизмурод Шарифов ва Диловар Айдаршозода ба нашр расид.

Маҷмӯаи мазкур ҳамчун дастур дар муассисаҳои олии касбӣ, коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои доираи васеи аҳли санъат ва фарҳанг пешбинӣ шудааст.