Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 100-солагии Меҳрубон Назаров

18.05.22.1Рӯзи 17 майи соли равон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии Арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангии тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, коргардон, драматург, профессор Меҳрубон Назаров дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Саҳми Меҳрубон Назаров дар рушди фарҳангу санъати тоҷик” баргузор гардид.

Дар Конференсия муовини аввали вазири фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ-Тамара Абдурашидова, Ато Ҳамдам, Мирзошоҳрух Асрорӣ, Кароматулло Олимов, Шамсиддин Орумбекзода, Аслиддин Низомов, аҳли фарҳангу ҳунар, коршиносони соҳа, роҳбарият, устодону шогирдони Донишкада, намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Саҳни донишкада бо шиору овезаҳо, китобу рӯзномаҳои бо аксҳо ва очерку мақолаҳои устод Меҳрубон Назаров гирдоварӣ шуда, гурӯҳи шогирдони муассиса бо навохтани оҳангҳои ҷаззобу шуниданӣ хотири меҳмонону иштирокчиёнро, ки аз он дидан намуданд, шод гардониданд.

Конференсия бо филми мустанад оид ба фаъолият ва эҷодиёти Меҳрубон Назаров ва бо суханони самимонаи шахсиятҳои шинохта оғоз гардид.

17.05.22.1 5

Назариён Обид Одилзода аз номи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонон ва иштирокчиёни Конференсияро хайрамақдам гуфта, таҷлил ва ёдоварӣ намудани ин шахсияти барҷастаи фарҳангу санъати тоҷикро муҳим арзёбӣ намуд.

Муовини аввали вазир дар идомаи суханронии хеш иброз дошт, ки “Роҳи тайнамудаи Меҳрубон Назаров дар фаъолияти тӯлонияш, роҳест пур аз ҷустуҷӯву дарёфтҳо, гузаштани садҳо монеаҳои аёну ноаён. Дар бораи фаъолияти роҳбариву тадқиқотии илмии Меҳрубон Назаров масъалаҳои зиёде аз ҷониби мусиқишиносон, шоирон ва ҳамкасбон дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва силсилаи нашрияҳои илмӣ ба табъ расидаанд. Соли 1967 бо кушишҳои бевоситаи Меҳрубон Назаров дар ҳайати донишкадаи омӯзгории Душанбе факултаи санъат кушода шуда, соли 1973 он ба донишкадаи мустақили вазорати маданият табдил ёфт. Ташкил ёфтани шуъбаҳои китобхонашиносӣ, актёрӣ, мусиқиву педагогӣ, мусиқии шарқ, мусиқии академӣ, режиссура, навозандагӣ, ҳамсароӣ ва ғайра барои соҳаи фарҳанг такони бузурге дод. Соли 1961 аввалин монографияи Меҳрубон Назаров таҳти унвони “Санъати халқи тоҷик” ба табъ мепасад, ки дар он паҳлӯҳои мухталифи рушд ва ташаккули навъҳои гуногуни санъати миллӣ, аз қабили санъати мусиқӣ, театрӣ, тасвирӣ, синамо мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.

Меҳрубон Назаров рисолати инсониву фарҳангии сиёсиву шаҳрвандии худро дар тамоми ҷодаҳо барҷаста иҷро намуда, барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун оинаи қаднамои фарҳанги тоҷик абадан боқӣ хозад монд”.

17.05.22.1 4

Сипас, аз ҷониби ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин маърӯза дар мавзӯи “Машъалафрӯзи фарҳанги миллӣ” пешкаши аҳли нишаст гардид. Номбурда, ин чеҳраи шинохтаи фарҳанг ва ҳунари кишварро яке аз бунёдгузорони факултаи санъати Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ) гуфта, маҳз бо ибтикору роҳбарии ӯ соли 1973 ва бо дастгирии Вазорати маданияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва раиси Шӯрои вазирони ҶСШ Тоҷикистон, шахсияти шинохтаи сиёсӣ ва фарҳангӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров дар заминаи ҳамин факулта Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон таъсис ёфт.

“Иқдоми дигари устод Меҳрубон Назаров, ки бо дастгирии роҳбарияти олии онвақтаи кишвар амалӣ гарид, ин ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон додани номи Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода мебошад.Ташаббусҳои пайвастаи судманд ва созандаи Меҳрубон Назаровро ба назар гирифта, ӯро соли 1979 ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъин карданд, ки дар ин вазифаи басо масъулиятнок то соли 1988 ифои вазифа намуда, дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа нақши муҳим бозид.”- иброз дошт Низомӣ Муҳриддин дар идомаи суханронии хеш.

17.05.22.1 6

Инчунин, дар идомаи Конференсия маърӯзаҳои профессор Тамара Махсумова дар мавзӯи “Человек определивший мою профессиональную судьбу”, нависанда Ато Ҳамдам дар мавзӯи “Се лаҳзаи зиндагӣ”, доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ дар мавзӯи “Вазири доно ва инсони шариф”, Корманди шоистаи Тоҷикистон Шамсиддини Орумбекзода дар мавзӯи “Асбоби бузургӣ ҳама омода намуд”, номзади илмҳои таърих Муҳаммадуллоҳи Табарӣ дар мавзӯи “Нақши Меҳрубон Назаров дар рушди театри Афғонистон”, нависанда, рӯзноманигор Тилло Некқадамов “Дар ҳалқаи мо кист, ки мафтуни қалам нест” бо маърӯзаҳои пурмуҳтавою шуниданӣ баромад намуданд.

Ҳамзамон, шахсиятҳои намоёни кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ, академик Кароматулло Олимов ва ҳунарманди шинохта Афзалшоҳ Шодиев дар суханрониҳояшон аз лаҳзаҳои хотирмони бо устоди зиндаёд Меҳрубон Назаров доштаи хеш ёдоварӣ карданд.

17.05.22.1 18

Инчунин дар ҳамоиш фарзанди Меҳрубон Назаров устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Назар Назаров ширкат варзида, барои баргузории чунин як ҳамоиши бошукӯҳу диданӣ арзи сипосу миннатдории хешро ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон байн намуд.

Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 100-солагии Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, коргардон, драматург, профессор Меҳрубон Назаров таҳти унвони “Саҳми Меҳрубон Назаров дар рушди фарҳангу санъати тоҷик” дар донишкада бо шукӯҳу шаҳомати хоса, хотирмону диданӣ баргузор гардид.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

17.05.22.1 1 17.05.22.1 2 17.05.22.1 317.05.22.1 7 17.05.22.1 8 17.05.22.1 9 17.05.22.1 10 17.05.22.1 11 17.05.22.1 12 17.05.22.1 13 17.05.22.1 14 17.05.22.1 15 17.05.22.1 16 17.05.22.1 17 17.05.22.1 19