Рӯзи 17 майи соли ҷорӣ Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мукаммалгардонии захираҳои китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр дар назди Кохи фарҳанги ноҳияи Рашт намоиш-фурӯши китобҳои муассисаҳои нашриявии вазоратро баргузор намуд.
Дар намоиш-фурӯш сокинони ноҳия, намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамоатҳои ноҳия, устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуда, китобҳои мавриди писанди хешро бо нархҳои дастрас харидорӣ карданд.
Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб” аз ҳисоби “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” 1512 нусха китоб бо маблағи 50599 сомонӣ тариқи ройгон ба китобхонаҳои ноҳия тақдим намуд.
Сокинон, кормандон ва муштариёни китобхонаҳои ноҳия сипосу миннатдории хешро аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасӣ бо китобҳои тозанашр, иброз доштанд.
Дар ин бора Директори Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқи Завқӣ иттилоъ дод.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг