Рӯзҳои 21-22 майи соли 2022, соати 18.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бахшида ба 80 солагии Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ситораи дурахшони балет Малика Собирова барномаи фарҳангӣ зери унвони «Малика: дирӯз, имрӯз ва ҳамеша» баргузор мегардад.
Дар барномаи фарҳангӣ ҳунармандони балет аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Япония ва Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Мухлисон, ҳаводорони санъати мусиқии балетро ба тамошои ин барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ даъват менамоем.
Чиптаҳоро метавонед аз хазинаи театр (тел:221-62-91) дастрас намоед.