Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи рассомӣ дар чорабинии фарҳангии “Шабе дар Осорхона”

19.05.22.3 3

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо шоми 18 майи соли равон аз соати 18:00 то 23:00 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи 9-ум иқдомоти байналмилии “Шабе дар Осорхона” баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти шаҳри Душанбе, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷи кишвар, вазорату кумитаҳо ва сокинони пойтахт ширкат намуданд.

Омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов” бо намоиши асарҳои санъати амалӣ: кандакорӣ, заргарӣ, кулолгарӣ ва дарси маҳорат (мастеркласс) фаъолона дар ҷорабинӣ иштирок намуданд.

Меҳмонону сокинон бо шавқу завқи беандоза аз намоиши омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи рассомӣ дидан намуда, ба ҳунару маҳорат ва истеъдоди ҳунармандон баҳои баландро сазовор донистанд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

19.05.22.3 119.05.22.3 219.05.22.3 519.05.22.3 619.05.22.3 719.05.22.3 4