Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 01:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи байналмилалии Осорхонаҳо дар Осорхонаи маданияти мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ

20.05.22Бахшида ба Рӯзи байналмилалии Осорхонаҳо рӯзи 18 майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи маданияти мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ” ҳамоиши фарҳангӣ-маърифатӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт» баргузор гардид.

Чорабинӣ ба ёдбуди композитори машҳуру зиндаёд Зиёдулло Шаҳидӣ, арҷгузорӣ, ҳимоят аз хидмату заҳмат ва баёни рӯзгору ҳаёти бобаракати композиторони маъруфи тоҷик, ки дар бунёди мусиқии касбии миллӣ саҳм доштанд, нигаронида шуд.

Дар ҳамоиш аҳли илму адаб, донишҷӯён, ихлосмандону наздикон, хонандагони муассисахои таълими миёнаи умумӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Беҳтарин асарҳои мусиқии композиторони тоҷик аз ҷониби хонандагони муассиса дар сатҳи баланди эҷодӣ манзури иштирокчиён гардид.

Ҳамзамон, намоиши маҷозии видеоии иҷрои асари якка барои фортепиано эҷод шудаи Фарангис Нуруллохоҷа, композитори шинохтаи тоҷиктабори истикоманкунандаи давлати Канада, набераи композитор Зиёдулло Шаҳидӣ, ки маҳз ба ёдбуди Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида шудааст аз ҷониби пионинонавози машҳури Канада-Ҷейн Ҳейз намоиш дода шуд.

Чорабинии фарҳангӣ хотирмону диданӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд.