Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 01:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар маҷмӯъ ба китобхонаҳои марказии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор 4 300 нусха китоб бо маблағи 159 000 ройгон тақдим гардид

23.05.22 1Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мукаммалгардонии захираҳои китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр рӯзи 20 майи соли равон сафари Корвони китобро ба ноҳияи Тоҷикобод идома дод.

Дар назди Кохи фарҳанги ноҳия намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии вазорат баргузор гардид, ки сокинони ноҳия, намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамоатҳои ноҳия, устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар чорабинӣ ширкат варзиданд. Иштирокчиёни намоиш бо шавқу завқи беандоза аз намоиш дидан намуда, китобҳои мавриди писанди хешро бо нархҳои арзону дастрас харидорӣ карданд.

Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб” аз ҳисоби “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” 834 нусха китоб бо маблағи 29 568 сомонӣ тариқи ройгон ба китобхонаҳои ноҳия тақдим намуд.

Рӯзи 21 майи соли ҷорӣ бинобар сабаби номусоидии обу ҳаво ва бориши зиёди борон дар ноҳияи Сангвор намоиш-фурӯши китобҳо баргузор нагардид.

Аз ҳисоби Барнома ба китобхонаҳои марказии ноҳияи Сангвор 230 нусха китоб бо маблағи 21 278 сомонӣ ройгон ба китобхонаҳои ноҳия тақдим гардид.

Сокинони сершумори ноҳияҳо Тоҷикобод ва Сангвор бо хушҳолӣ ва шавқу завқи беандоза, барои дастрасӣ бо китобҳои тозанашр арзи сипосу миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Дар маҷмӯъ ба китобхонаҳои марказии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор 4 300 нусха китоб бо маблағи 150 000 сомонӣ тариқи ройгон аз ҳисоби "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2032-2025" тақдим гардид. Бо ҳамин сафари фарҳангии Корвони китоб ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бомуваффақият ба анҷом расид.

Ҷараёни баргузории намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашрияҳои вазорат тариқи телевизион, радио ва газетаву маҷҷалаҳои ҷумҳурӣ инъикос гардиданд.

Содиқи Завқӣ - Директори Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора хабар дод.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

23.05.22 223.05.22 423.05.22 3