Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 01:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таваҷҷӯҳ: Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов қабули донишҷӯёнро барои соли таҳсили 2022 – 2023 эълон менамояд

coleg sanatМуассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов» қабули донишҷӯёнро барои соли таҳсили 2022 – 2023 аз рӯи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:

- Мусиқишиносӣ
- Фортепиано
- Дирижёри хори академӣ
- Созҳои тории оркестрӣ (скприпка, алт, виолончел, контрабас)
- Созҳои нафасӣ ва зарбии оркестрӣ (флейта, гобой, кларнет, фагот, валторна, труба, тромбон, созҳои зарбӣ)
- Созҳои оркестри халқӣ (най, қушнай, чанг, қонун, рубоб, рубоби прима, рубоби бадахшонӣ, рубоби бас, дутор, танбур, уд, дойра, ғиҷҷак, ғиҷаки алт, баян-аккордеон)
- Сурудхонии академӣ
- Сурудхонии анъанавӣ
- Режиссура (ороиши сабти овоз)
- Санъати эстрада (мусиқии созӣ)
- Санъати эстрада (сурудхонӣ)

Ба Коллеҷи санъат онҳое қабул карда мешаванд, ки маълумоти мусиқи ва маълумоти миёнаи таҳсилоти умумӣ (синфи 9), инчунин маълумоти умумии асосӣ (синфи 11-ро) доранд. Бе маълумоти ибтидоии мусиқӣ онҳое қабул карда мешаванд, ки қобилияти хуби шунавоӣ ва зарби мусиқӣ, инчунин хотироти мусиқӣ доранд.

Муҳлати таҳсил – Рӯзона 4 сол (синфи 9) ва 3 сол (синфи 11) – буҷавӣ ва шартномавӣ. Ғоибона 3 сол – танҳо шартномавӣ ва дар асоси маълумоти умумии асосӣ (синфи 11). Таҳсил ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

Довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд:

1. Ихтисос - (иҷрои барнома, суруд, зарб, хотироти мусиқӣ ва шунавоӣ, ҳофизаи мусиқӣ)
2. Забони модарӣ - (диктант)
3. Солфедҷио (танҳо барои нафароне, ки маълумоти мусиқӣ доранд)
4. Таърих танҳо барои синфҳои 11)

Ҳуҷҷатҳо барои қабул:

1. Ариза ба номи директор.
2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ, ё умумӣ (намунаи асл).
3. Шиноснома (ё шаҳодатномаи таваллуд) пешниҳод карда мешавад.
4. Маълумотномаи тиббӣ.
5. Маълумотнома аз ҷои истиқомат ва аҳли оила.
6. 6 - адад расм (андозаи 3х4 см.)
7. Шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда.
8. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои шуъбаи ғоибона)

Қабули ҳуҷҷатҳо - аз 1 июл то 10 август. Консултатсияҳо - аз 8 август. Имтиҳонҳои дохилшавӣ - аз 11 август.

Нишонии мо: ш. Душанбе, кӯчаи Умед, 27 (назди маркази савдои “Садбарг”)
Тел: 227- 84- 51; 227- 34- 33; 227-39-21; 909 96 96 37; 93 979 19 29.