Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов барои соли хониши 2022-2023 қабули довталабонро эълон менамояд

04.10.21.21 25Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” барои солҳои хониши 2022-2023 қабули довталабонро эълон менамояд:

Ихтисосҳое, ки аз рӯи он мутахассис тайёр мекунад:

Шуъбаи рӯзона:

2-230108 - Рӯзноманигорӣ (шартномавӣ)
2-26020101 - Менеҷменти соҳавӣ (шартномавӣ)
2-030131 - Таълими мусиқӣ (буҷавӣ)
25-18010103 - Эҷодиёти халқ (буҷавӣ)
2-230131 - Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (буҷавӣ)

Шуъбаи ғоибона:

2-230108 - Рӯзноманигорӣ (шартномавӣ)
2-26020101 - Менеҷменти соҳавӣ (шартномавӣ)
25-18010103 - Эҷодиёти халқ (шартномавӣ)
2-230131 - Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (шартномавӣ)

Мӯҳлати таҳсил:
Бо маълумоти синфи 9- 4 сол
Бо маълумоти синфи 11- 3 сол

Бо таваҷҷӯҳ ба ихтисосҳои мавҷуда дар муассисаи таълимӣ тамоми шароитҳо муҳайё карда шуда, аз нигоҳи замон таъмир ва таҷҳизонида шудааст.

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1. Ариза ба номи директор;
2. Ҳуҷҷат оид ба маълумот (аттестат синфи 9-11);
3. Маълумотномаи тиббӣ (У-038);
4. Маълумотнома аз ҷои истиқомат;
5. Гувоҳномаи ҳарбӣ (агар дошта бошад);
6. Хислатнома;
7. Расми 3х4 4 дона;
8. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (шуъбаи ғоибона, агар дошта бошад).

Қабули ҳуҷҷатҳо берун аз Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шудааст.

Қабули ҳуҷҷатҳо: аз 1 июл то 10 август.

Имтиҳонҳо: аз 12 август то 25 август.

Суроғаи муассисаи таълимӣ: ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, кучаи Бӯстон-55, назди (БДА) ГАИ.

Телефон барои тамос: 88 13 7216 24, 904 02 04 05, 98 733 32 72,988 55 47 29, 944 49 44 46, 900 99 54 24.