Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 00:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар сиву севумин давраи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Эрон

23.05.22.2 5Бо даъвати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳайате иборат аз ноширон, адибон, олимон, рӯзноманигорон ва китобдорони Вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Китобхонаи миллӣ, Иттифоқи нависандагон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои нашриявии кишвар дар сиву севумин давраи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Эрон, ки аз 11 то 21 майи соли равон дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Нашриётҳои Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ муассисаҳои нашриявии “Адиб”, “Ирфон”, Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик”, муассисаҳои табъу нашри мустақили “Эр-граф”, “Бебок”, “Нашри мубориз” ва “Ношир” намояндагӣ карда, беҳтарин китобҳои нашрнамудаи худро дар мавзӯъҳои гуногун ба намоиш гузоштанд.

Ҳайати фарҳангиёни Тоҷикистон ибтидо аз Намоишгоҳи байналмилалии китоби Эрон дидан намуда, бо дастовардҳои ҳамкасбони хеш аз кишварҳои гуногун дар соҳаи табъу нашри китоб ошно шуданд. Ҳамчунин, тибқи барномаи сафар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо масъулони Китобхонаи миллии Эрон ва рӯзномаи “Иттилоот” доир гардид, ки густариши ҳамкориҳои тарафайн мавзӯи аслии ин вохӯриҳо буд.

Рӯзи 15 май дар толори Ваҳдати шаҳри Теҳрон ва толори милали Намоишгоҳи байналмилалии китоби Эрон Рӯзи ҷаҳонии Ҳаким Абулқосим Фардавсӣ ва посдошти забони порсӣ таҷлил гардид, ки фарҳангиёни Тоҷикистон дар ҳарду чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, дар толори милал Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб муаррифӣ гардид. Дар ин нишаст сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг Раҳмоналӣ Шералиев, Мудири бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва Мудири бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносии Иттифоқи нависандагон Муҳриддин Сабурӣ дар бораи рушди соҳаи табъу нашри Тоҷикистон дар солҳои истиқлол ва мақому манзалати Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар Тоҷикистон изҳори назар намуда, аз осори безаволи ҳакими тӯсӣ ва шоирони муосири тоҷик шеърҳо қироат карданд.

Дар доираи ин сафар ҳайати Тоҷикистон аз Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон боздид намуда, оромгоҳҳои бузургони илму адаби форсу тоҷик Ҳаким Абулқосим Фардавсиро дар Тӯс ва Ҳаким Умари Хайёму Шайх Атторро дар Нишопур зиёрат намуданд.

Намоишгоҳи байналмилалии китоби Эрон, ки ҳамасола бо иштироки ноширони кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар пойтахти он шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, фурсати муносиберо барои тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи табъу нашри китоб фароҳам меорад.

23.05.22.2 123.05.22.2 223.05.22.2 323.05.22.2 423.05.22.2 623.05.22.2 7