Шогирдони Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар мусибиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “Футболи хурд” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Шоҳмансур”, бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ҷои якумро ишғол намуда, бо Дипломи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Шоҳмансур қадрдонӣ гардида, ҷоми ғолиби мусобиқаи варзишии мазкурро ба даст овард.
Ғолибияти шогирдони Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқуловро табрику муборакбод мегӯем.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг