Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Коллеҷи фарҳанг

23.05.22.4 1Бахшида ба Рӯзи ҷавонон 21 майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” мизи мудаввар таҳти унвони “Ҷавонон-парчамбардори имрӯз ва фардои миллат!” баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти муассиса, омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.

Мизи мудавварро директори муассиса Разоқзода Салоҳиддин Шамсидин ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки “Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди зеҳнӣ, таълиму тарбияи ҷавонон диққати махсус зоҳир менамоянд. Ба роҳ мондани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат мебошад, ки соли сеюм аст, байни наврасон, ҷавонон ва аҳли кишвар гузаронида мешавад. Маҳз бо хондану аз бар намудани китобҳои адибони классику муосири кишвар ҷавонон босаводу соҳибилм мегарданд”.

Ҳамзамон, ҷонишини директор оид ба таълим Ҷаъфаров Ҷаъфар ва муовини директор оид ба тарбия Шарифова Шаҳло дар чорабинӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” солиёни зиёдест, ки барои таълиму тарбияи ҷомеъа саҳми худро мегузорад. Ин даргоҳи муқаддасро даҳҳо шахсиятҳои баруманди кишвар хатм намуда, дар пешрафти илму фарҳанг саҳми босазои худро гузоштаанд. Саҳми муассиса имрӯзҳо низ дар таълиму тарбияи ҷавонон хеле назаррас аст.

Сипас, омӯзгорон Ҷамолов Зиёвуддин, Қурбонова Саврия, Муҳаммаднабӣ Баёнӣ доир ба таълиму тарбия ва илмомӯзии донишҷӯён ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯёни муассиса дар мавзӯҳои Ватан, Тоҷикистон, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиштагӣ аз шоирони муосир шеърҳо қироат намуданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

23.05.22.4 123.05.22.4 223.05.22.4 3