Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 01:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода ба пешвози 25-солагии Ваҳдати миллӣ консерти идона баргузор намуд

23.05.22.5 1

Консерти иҳисоботии шогирдон ва устодони Муассисаи давлатии мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода рӯзи 18 майи соли ҷорӣ башида ба истиқболи 25-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар консерти идона муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия, роҳбарияти муассиса, устодони фарҳанг ва волидайни хонандагони муассиса иштирок намуданд.

Дар ибтидо ҳозирин аз намоиши ҳунари рассомони муассиса дидан намуда, ба корҳои эҷодии шогирдон баҳои баланд доданд.

Зимни баргузории консерт аз ҷониби шогирдон ва устодони муассиса асарҳои бастакорони классику муосири тоҷик ва бастакорони хориҷӣ, навозишу иҷрои сурудҳо ва рақсҳои ҷаззоб рӯи саҳна гузошта шуд.

Шарифзода Манучеҳр Муртазо дар суханронии хеш таъкид бар он намуд, ки муассиса тӯли фаъолияти хеш дар тарбияи насли фарҳангдӯст, тарғибу ташвиқи фарҳангу мусиқӣ ва тарбияи маънавию зебоипарастии сокинони шаҳр саҳми муассир гузоштаанд.

Дар фарҷом собиқадорон, устодон ва шогирдони фаъол Ифтихорномаву Сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардиданд.

23.05.22.5 223.05.22.5 323.05.22.5 423.05.22.5 523.05.22.5 623.05.22.5 7