Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории консерти ҳисоботии устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

23.05.22.6 1Рӯзи 20 майи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти ҳисоботии устодону донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.

Консерти ҳисоботӣ, ки фарогири шеъру суруд ва оҳангу рақсҳои ҷолибу дилнавоз, аз қабили “Бадахшон”, “Эй диёрам”, “Навои кӯҳистон”, “Арияи Назар аз операи “Дугонаҳо”, “Хурӯши ҷавонӣ”, “Кабӯтар”, “Нури ваҳдат”, “Гулдаста”, “Модар”, “Фурӯғи амали дугоҳ”, “Рӯят бимонд”, “Попурӣ”, порча аз намоишномаи А. Вампилов “Метромпаж” ва “Лаҳзае аз дарси ҳаракати саҳна” буда, аз ҷониби донишҷӯёну устодони 14 ихтисоси эҷодӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Ансамблҳои “Бонувон”, “Бунафша”, “Фалак”, “Шашмақом, инчунин донишҷӯёни синфҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарипов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов муаллими калони кафедраи фортепиано ва гузориши овоз Қобилҷон Шарифов, муаллими калон Маҳмадулло Тошев, муаллим Ҷумъахон Мирзоев ва дигар иштирокдорони консерти ҳисоботӣ бо ҳунарнамоии сатҳи баланди худ хотири аҳли толорро шод гардонданд.

Пас аз анҷоми барномаи консертӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба устодону шогирдоне, ки дар омода намудани консерти ҳисоботӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд. Ректори донишкада ёдрас шуд, ки устодон ва донишҷӯёни донишкада дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китобаст» фаъолона ширкат меварзанд. Соли гузашта аз донишкада дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 17 нафар иштирок кард, ки аз ин миён 4 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфта, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар озмуни “Тоҷикистон Ватани азизи ман“ бошад, 26 нафар ширкат варзида, аз ин миён 5 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, 1 нафар бо Диплом сарфароз гардонда шуд. Дар даври шаҳрии озмуни мазкур Шоҳҷоиза насиби донишҷӯи донишкада Нуринисо Исрибшоева гардид.

Муҳриддин Низомӣ зикр намуд, ки дастовардҳои донишкада дар озмунҳои самти байналмилалӣ низ назаррасанд. Танҳо дар давоми соли ҷорӣ 36 нафар донишҷӯи донишкада дар озмуну фестивалҳои байналмилалии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон тариқи ҳузурӣ ва ғайри ҳузурӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

23.05.22.6 223.05.22.6 3