Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 01:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Натиҷаҳо аз Конфронси 19-уми вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

23.05.22.1 2

Рӯзи 19 майи соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи нуздаҳуми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Дар ҷаласа вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон Арҷун Рам Мегвал, вазири фарҳанги Федератсияи Русия Любимова Ольга Борисовна, фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Абаев Даурен Аскербекович, муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Куан, вазири фарҳанг, сиёсати иттилоот, варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Жаманқулов Азамат Капарович, котиби Вазорати мероси миллӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон Зафар Ҳасан, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Назарбеков Озодбек Аҳмадович ва Дабири кулли СҲШ Чжан Минг иштирок намуданд.

Ҷонибҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг ва санъатро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда табодули афкор намуданд.

Дар доираи вохӯрӣ бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамфикрии байни халқҳо, нигоҳ доштани фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои халқҳои давлатҳои аъзои СҲШ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Иштирокчиён ҳавасмандии худро ба таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи синамо, театр, китобхона ва осорхонаҳо тасдиқ карданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро барои мусоидат ба баргузории ҷашнвораҳои ҳунарӣ, озмунҳо, форумҳо, конфронсҳои илмӣ ва дигар намудҳои чорабиниҳои фарҳангӣ бо мақсади ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихии халқҳои кишварҳои узви СҲШ изҳор намуданд.

Ҷонибҳо аз тасмими дар ҷаласаи сарони маъмуриятҳои сайёҳии кишварҳои узви СҲШ, ки рӯзҳои 19-20 майи соли 2022 дар Тошканд баргузор шуд, дар бораи тасдиқи номзадии шаҳри Варанаси (Ҷумҳурии Ҳиндустон) барои гирифтани мақоми «Пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии кишварҳои СҲШ» истиқбол карданд.

 Дар бораи баргузории 20-умин нишасти вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ дар соли 2023 дар Ҷумҳурии Ҳиндустон тавофуқ ҳосил шуд. Сана ва макони баргузории вохӯрӣ бо роҳҳои дипломатӣ бо Котиботи СҲШ мувофиқа карда мешавад.

Вохӯрии вазирони фарҳанги узви СҲШ дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг бо таҳкими риштаҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои узви СҲШ мусоидат менамоянд.

23.05.22.1 323.05.22.1 123.05.22.1 5