Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки фаъолонаи донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

24.05.22Рӯзи 23 майи соли равон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-154 оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмун дар сатҳи баланд доир гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

Дар Озмун соҳибистеъдодҳо аз муассисаҳои соҳавӣ, ташкилотҳо ва инчунин донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” фаъолона иштирок намуданд. Тибқи талаботи Низомномаи озмун ҳайати ҳакамон, ки мутахассисони варзидаи соҳаи санъату фарҳанг мебошанд, бо роҳбарии директори Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” Раззоқзода Салоҳиддин Шамсиддин ба ҳунару истеъдоди иштирокчиён баҳогузорӣ карданд.

Иштирокчиён аз рӯи номинатсияҳои Низомнома, дар жанрҳои академӣ, эстрадӣ, анъанавӣ ва композиторӣ баромад намуда, беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Дар ин бора аз Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов иттилоъ доданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг