Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ДАР ҲОШИЯИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ "ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР" барои солҳои 2018-2028

25.05.2022.125.05.2022.2

 







                          ДОСТОНИ ОБ 
                 ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ОБ       
                      (Порае аз манзума)

Зи оғози даҳру ҳама саргузашт, 
Дар ин куҳнадунё, дар ин кӯҳу дашт.

Ҳамин хок буду ҳамин осмон,   
Ҳамин боғ буду ҳамин бӯстон.

Ҳамин чашма буду ҳамин ҷӯю наҳр,         
Ҳама ҷаҳд гашта ба паймони даҳр.

Вале фикру зикри муаммои об         
Касеро наовард бар изтироб.

Намегуфт ҳарфе касе аз ниёз,         
Намекард ифшо зи дунёи роз.

Аз ин Пешвои муаззамтабор,     
Сиёсатшиносу сиёсатмадор

Ба гӯши замону ба гӯши ҷаҳон     
Бизад бонги ҳастӣ зи оби равон –

Ки об аст моро ҳаёту мамот,        
Аз он рӯзгорон бувад пурнишот.

Ба мо сарбаландӣ зи об аст, об,     
Ба ҷуз он набошад сару сарҳисоб.

Набошад агар инчунин оби пок,           
Ҳама насл афтад ба доми ҳалок.

Чӣ сон бенавою чӣ сон дар азоб, 
Чӣ сон сӯхтанҳо ба хоки хароб.

Аз ин неъмате, ки бувад бебаҳо,
Набояд бимонад башар бенаво.

Касе ташнаро соҳиби об кард   
Ва бахшид гармӣ ба дилҳои сард,

Аз ин кор гирад басе ӯ савоб,   
Ба ӯ раҳмати ҳақ бувад беҳисоб.

Ба аснои Сарвар сухан гуфтанаш,               
Зи болои минбар сухан гуфтанаш,

Чи чашмону мижгон пур аз об шуд,   
Ҳама ғарқи фикре дар ин боб шуд,

Ба тифлон кафи об аз ин буд роз,         
Кафи дасти пирон бигардид боз,

Бигуфтанд аз дил ба номи Худо:         
Ба васфаш дуову ба раъйаш сано,

Аё ҳақшиносу аё кирдгор,     
Чу ӯ нест охир касе посдор.

Ба мислаш надидем неъматшинос,     
Ба ҳафтод пушташ дуруду сипос! 

Иноят намову амонаш бидор,   
Дигар нест чун ӯ сиёсатмадор.

Ба ҳар минбаре, ки сухан гуфт ӯ,     
Чу оина рӯшан кунад гуфтугӯ.

Ба ҳар мушкиле, ки занад дасти хеш,         
Шавад мушкил осон зи ҷамъу пареш.

Ба ҳар дард дармон, ба ними нафас           
Нагардид ҷуз ӯ ба кас дастрас.

Ба иқдомбахшӣ надорад назир,     
Бишуд ӯ зи меҳраш ба олам кабир.

Бувад хайру эҳсон саропои ӯ,               
Шавад сабздоман қадамҷои ӯ.

Ҳамон ҷӯи обе, ки Фарҳод канд,     
Будӣ ишқи Ширин, бад-он гашт банд.

Вале Сарвари мо барои башар           
Садо кард аз дил чу имдодгар:

Ки об аст ҷону муқаддас бувад           
Дигар кафки обу пари хас бувад.

Ҳамин об бошад наҷоти ҷаҳон,   
Ҳамин об дорад ҳазор имтиҳон,

Замину саморо бувад такягоҳ,         
Ба сад кунҷи олам кушодаст роҳ.

Зи об аст ҳастии насли башар,                 
Зи об оташи дил шавад шуълавар. 

Зи об аст ҷамъи парешони мо, 
Ба Ваҳдат бувад появу муттако.

Ҳама илму дониш зи об аст ҷӯр,   
Ҳамоҳанг бошад ба дунёи нур.

Касе азм карду ба маҳтоб рафт,               
Мапиндор ӯро, ки бе об рафт.

Ҳамон моҳтоби фалак обӣ аст,       
Ки дар рангу рӯяш чу варзобӣ аст.

Ҳама қасру кушке ба рӯи замин       
Аз эҳсони обанд болонишин.

Садои баланди кишоварзро 
Ҳамин об охир бубахшад наво.

Зи ҷӯ оҳани кор агар об хӯрд,                 
Яқин чархҳояш аз ин тоб хӯрд.

Шаби тори моро кунад рӯз об,         
Вагарна ба шамъе наорем тоб.

Ҳамин об будӣ ба ҳукми Самад, 
Дили осмону замин метапад.

Зи минбар чу Сарвар ҳамин азм кард,         
Дили аҳли олам биёмад ба дард.

Ба рушде, ки саъйаш бувад устувор,       
Ба даҳ соли дигар амал гашт кор.

Ҳамин ҷаҳди Сарвар чу сарчашма буд           
Ба дарёву баҳри сиёҳу кабуд.

Сухан обдору нигаҳ обдор,                 
Дилу дидаҳоро намуд обшор.

Ҷасорат ба аслаш худододӣ аст,                       
Ҳама ҳушу ёдаш ба ободӣ аст.

Нагардад зи роҳаш зи ҳар мушкиле,               
Фурӯзад ба меҳраш ҳама маҳфиле.

Ба ҳар дидгоҳе назар мекунад,                     
Ҷаҳонро зи меҳраш хабар мекунад.

Ба нутқаш кушояд гиреҳ аз сухан,                   
Сароғози ҳарфаш бувад аз Ватан.

Мубаллиғ ба меҳру мубаллиғ ба об,           
Қадам мегузорад ба роҳи савоб.

Ғами оби дунё магар андак аст?                                                         
Абарқудратон ҳам наёбанд даст.

Вале Пешвои ҷалолатмаоб                 
Кушояд гиреҳ аз ҳама банди об.

Хитобаш ба минбар бубахшид ҷон,         
Садои заминро шунид осмон.

Чу дидӣ, ки тӯфон ба баҳру бар аст,         
Ту пиндор, бонгаш аз ин минбар аст.

Ҳама ҷӯю дарё, ҳама баҳрҳо                 
Шуниданд ин даъвати Пешво.

Ба даҳсолае, к-он бувад кори об,     
Ба дӯши ҷаҳон шуд ҳама бори об.

Забони муҳаббат биёмӯхтан               
Бувад дар баҳои ҳама илму фан.                         

Садоқат зи обу саодат зи об,               
Зи домони покӣ шавад дастёб.

Ба сангу ба кӯҳу ба дашту даман       
Зи шодоб гаштан кунад анҷуман.

Ба қаъри замину ба авҷи фалак,                       
Ба мардумгиёҳу раҳи мардумак

Бубахшид файзе, ки он сармад аст,     
Чу пай монд ҳар ҷо, хати сарҳад аст.

Ҳама ҳарфи обӣ аз эҷод буд,                 
Сухан оташ асту набошад-ш дуд.

Касе дарк созад агар дар сухан           
Каломи муборак зи оби Ватан,

Ба ҳар қатра дарё бубинад мудом,           
Ба ҳар зарра дунё кушояд ба ном.   

Ки аз Пешвои ҳақиқатнигор             
Ҳама халқи олам кунад ифтихор.         

Аз ин пас башарро бубояд сипос           
Ба дарёдиливу ба гавҳаршинос,

Мудом аз дили худ кушоем роз,   
Ки бар об бошад ҳазорон ниёз.

Ба обе, ки моро расонд обрӯ,         
Зи боби муҳаббат ҳаме гуфтугӯ.

Зи ҷон қадрдонӣ ба оби равон,                             
Бувад дӯстдорӣ Ватанро чу ҷон.

Чу мо саргаҳему сароғози кор,
Гапи Пешворо ба ҷон посдор,

Дирафши садоқат ба боми Ватан,     
Зи иқдоми Сарвар бувад ҳар сухан.

Ду буд дар ҳазору фузунаш ба се,               
Ҳамин Пешво буд нахустин касе,

Бигуфто ба олам зи аҳволи об,   
Бигӯем имсолро Соли Об.

Садояш ба дунё ҳамовозӣ ёфт,       
Аз ин фоли қисмат касе рӯ натофт.

Ҳамегуфт Сарвар кушода ҷабин,     
Набуд он чунону набояд чунин.

Чу дидем ҷоне, ки лабташна аст,       
Аз ин чашми худро набояд бубаст.

Надонанд агар дар ҷаҳон қадри об,     
Ҳама ҷой тобад ба чашмон сароб.

Ба ҳар чор сӯи ҷаҳон об ҳаст,               
Дигар доманеро чи гирӣ ба даст.

Кушодем чашмон ба дунё зи об,     
Бипӯшем бо он расад, чун ҳисоб.

Зи ҳар қатра бояд ки дарё кушод,                   
Ки дарё расонад зи ҳар қатра ёд.

Магар панди пирон фаромӯш шуд,             
Ки некӣ ба дарё бигардад ба худ.

Чу обем сарду зи обем гарм,     
Чу обем сангин, зи обем нарм.

Аз ин раҳкушоӣ, аз ин раҳбарӣ,                     
Ки гуфтор будаш ба лафзи дарӣ,

Ба бори чаҳор он Ҷалолатмаоб,                   
Зи минбар бигуфто зи тақдири об.

Дили аҳли маҷлис аз ин об шуд,               
Ҳама гӯйӣ бедор аз хоб шуд.

Фишурданд кафро ба ҳам обдор,   
Садо буд гӯё, ки аз обшор.

Шарафёб гаштан ба ин масъала                 
Ба ҷуз меҳр набвад дигар ҳавсала.

Бувад ин иноят ба ояндагон,     
Баробар ба қадру ба ҳастии ҷон.

Набошад ягон неъмат аз об беҳ,                 
Тавонӣ, ба ҳар қатрааш арҷ неҳ!

Дигар кори дунё надорад ҳисоб,     
Ҳама об, обу ҳама об, об!                              Давлат Сафар