Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таваҷҷуҳ: баргузории маросими рӯнамоӣ ва намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр

25.05.22Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26 майии соли 2022 дар толори вазорат маросими рӯнамоии зиёда аз 20 номгӯй китобҳои бачагона ва 3 ҷилди силсилакитоби “Ҳафт ахтар”, ки тавассути нашриёти “Адиб” ба чоп расидаанд, баргузор менамояд.

Ҳамзамон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр аз соати 8:00 то 12:00 дар шафати бинои Вазорати фарҳанг доир мегардад.

Аз ҳаводорону дӯстдорони китоб, аҳли зиёи кишвар ва аз васоити ахбори омма даъват карда мешавад, то дар ин рӯнамоӣ ва намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри Вазорати фарҳанг иштирок намоянд.

Ҳузури Шумо дар чорабинии фарҳангӣ боиси ифтихори мост!

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг