Рӯзи 25 майи соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи кории Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои марҳилвии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №643 аз 30.12.2011с. “Дар бораи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Адолат, мутахассисони соҳавӣ ва кормандони вазорат иштирок намуданд.
Нахуст Шарифзода Манучеҳр Муртазо ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, ташрифи роҳбарият ва мутахассисони Хадамоти алоқаро ба вазорат хайрамақдам гуфт.
Абдураҳмонзода Адолат барои иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорати фарҳанг дар ҷаласаи корӣ арзи сипос намуд.
Сипас, Кайрим Олег Александрович коршиноси системаи ягонаи идораи давлатӣ оид ба омӯзиши раванди технологии хизматрасонӣ ва баррасии ҳолати рақамикунонии хизматрасониҳои пешниҳодшаванда ба шаҳрвандон ва ҳамчунин омӯзиши лоиҳаҳои иҷрошудаи марбут ба IT суханронӣ намуд.
Дар анҷоми ҷаласа миёни кормандони Вазорати фарҳанг ва гурӯҳи кории Хадамоти алоқа суолу ҷавобҳо сурат гирифт.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг