Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 03:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

25.05.22.4

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Коллеҷи Ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов рӯзи 21 майи соли ҷорӣ дар намоишгоҳи "Хонаи суратгирон"-и шаҳри Тошканд, бахшида ба 30 - солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар намоиш зиёда аз 100 адад асарҳои рассомони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуд, ки аз он намояндагони корпусҳои дипломатӣ, фарҳангу маориф, рассомону эҷодкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намуданд.

Намоиши асарҳои рассомони тоҷик бо шукӯҳу шоҳомати хоса, дар фазои озоду идона ва дӯстию бародарӣ баргузор шуд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

25.05.22.525.05.22.725.05.22.7225.05.22.625.05.22.71