Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 01:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Толиб Шаҳидӣ бо омӯзгорону муҳассилини Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ

25.05.22.9Дар Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ» рӯзи 25 майи соли равон вохӯрии композитори маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ - Толиб Шаҳидӣ бо роҳбарият, омӯзгорон ва муҳассилини муассиса баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ композитор Толиб Шаҳидӣ вобаста ба фаъолияти эҷодӣ, касбомӯзии шогирдони муассиса ибрози ақида намуда, аз толибилмон даъват кард, то барои аз худ намудани ҳунари асил мунтазам сайъю кӯшиш намоянд ва барои пешрафти санъати мусиқии касбии тоҷик ҳамеша ҳиссагузор бошанд.

Директори муассиса Ҷасур Комилов ташрифи композитори маъруфро ба мактаб хайрамақдам гуфта, баргузории вохӯриро судманду хотирмон арзёбӣ намуд.

Омӯзгорони бахши мусиқӣ ва хонандагони мактаб аз ташрифи оҳангсози барҷаста изҳору сипосу хушҳолӣ намуда, муваффақиятҳо дар фаъолияти эҷодии номбурда орзу намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Толиб Шаҳидӣ китоби тозанашри худро ҳамчун хотира китобхонаи муассиса тақдим намуд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг