Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТОШКАНД: МАРОСИМИ РӮНАМОИИ КИТОБҲОИ ТОҶИКӢ

26.05.22 1Бо ибтикори Кумитаи муносибатҳои байнимиллатҳо ва робитаҳои дӯстӣ бо мамолики хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон китобҳои устодон Мирзо Турсунзода ва Лоиқ “Чароғи абадӣ” ва “Ман намемирам” ва китоби “Шабогард”-и шоири муқими Тошканд Паймон дар нашриёти “Тамаддун”- и Тошканд интишор ёфтанд.

Ин се китоб бо кумаки молии Хазинаи иҷтимоии пуштибонӣ аз ниҳодҳои шаҳрвандии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба теъдоди 500 - нусхагӣ чоп шуд.

Раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллатҳо ва робитаҳои дӯстӣ бо мамолики хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустамбек Қурбонов дар маросими ифтитоҳи рӯнамоии китобҳо гуфт, ки дар кишвар бештар аз 130 миллату қавм дар фазои иттиҳоду ҳамбастагӣ ба сар мебаранд. Барои тоҷикони Ӯзбекистон шароити созгор фароҳам оварда шудааст, ки фарзандони онҳо дар мактабҳои таълимоти умумӣ ва донишгоҳҳои дилхоҳи худ машғули таҳсил шаванд.

- Мо ба Ҳукумат пешниҳод кардем, ки барои идомаи таҳсили фарзандони мардуми тоҷиктабор дар кушоиши гурӯҳҳои иловагии тоҷикӣ дар факултаҳои гуногуни донишгоҳҳои мамлакатамон мусоидат намояд. Нуктаи дигар низ қобили қайд аст, ки шароити кори рӯзномаи “Овози тоҷик”-ро беҳбуд хоҳем бахшид ва теъдоди муштариёни он ба карат афзоиш хоҳад ёфт. Қарор аст, ки барои таъмини китобхонаҳои муассисаҳои таълимии тоҷикии ҷумҳурӣ як идда лоиҳаҳо таҳти татбиқ қарор дода мешаванд.

Аввалин падидаи онро имрӯз шумо шоҳид гардидед, - иброз дошт Рустамбек Қурбонов.

- Ман аз чунин иқдомоти наҷиб ва мусоидат ҷиҳати табъу нашри мероси адибони бузурги тоҷик ибрози миннатдорӣ мекунам. Натиҷаи сиёсати хирадмандонаи ду Сарвари давлат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад, ки чунин мерос ва ашъори адибон дар байни мардуми ин кишвари дӯсту баробар беш аз пеш доман фарох намудааст,

- изҳор дошт сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва афзуд, ки сол ба сол риштаҳои дӯстиву рафоқат миёни тоҷи-кону ӯзбекон мустаҳкам мешавад ва дар соҳаи фарҳангу адаб низ, ҳамкориҳо беш аз пеш рушд доранд.

- Ин оғози кори мо дар мавриди табъу нашри осори адибони тоҷик ва тарғиби он дар ҷумҳурӣ мебошад. Нашри китобҳои зиёди илмиву бадеии олимон ва шоирону нависандагони маъруфи тоҷикро идома хоҳем дод. Ҳамзамон, барои чопи маводи аҳли қалами тоҷики кишварамон як идда лоиҳаҳо татбиқ хоҳанд шуд. Мо, ба ин васила, эҳтиёҷи мактабҳои таълимоти умумӣ, коллеҷҳову литсейҳои академикӣ ва гурӯҳҳои тоҷикии макотиби олии кишварамонро то ҳадди лозим қонеъ хоҳем кард, - гуфт раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова.

Дар ин маросим раиси бахши самарқандии Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон, сардабири маҷаллаи тоҷикии “Дурдонаҳои Шарқ” Асадулло Исмоилзода, фарзанди устоди шодравон Лоиқ Диловари Лоиқзода, шоир ва журналист Тӯхтамиш Боқӣ, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона Масъуди Мирзо ва дигарон нашри се китобро дар ҳаёти фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон рӯйдоди беназир арзёбӣ карданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
“Ҷумҳурият”,
шаҳри Тошканд

26.05.22 226.05.22 326.05.22 426.05.22 526.05.22 626.05.22 7