Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

16 номгӯй адабиёти таълимии соҳавии мусиқӣ бо теъдоди 3750 нусха ба муассисаҳои таълимии тобеи вазорат ройгон тақдим гардид

26.05.22.3 1Бо мақсади мукаммалгардонии фонди китобхонаҳои муассисаҳои таълимии соҳа, раёсату шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба китобҳои дарсии тахассусии мусиқӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикиситон тибқи “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” як қатор китобҳои нодири дарси мусиқиро рӯи чоп овард.

Бо ин мақсад рӯзи 25 майи соли равон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, роҳбарону китобдорони муассисаҳои олии таълимии тобеи вазорат, коллеҷҳо, мактабҳои махсуси мусиқӣ ва Филармонияи давлатии бачагона ҷамъомад баргузор гардид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки айни замон 16 номгӯй адабиёти таълимии соҳавии мусиқӣ бо теъдоди умумии 3750 нусха, аз қабили «Ориёни ман» (муаллиф Шуҳрат Ашуров), «Мо додари ҳам бошем» (муаллиф Қудратулло Яҳёзода), «Наво ва базм» (муаллиф Амирбек Мусо), «Хрестоматия» ҷилдҳои 1,2 (муаллиф Хосият Олимова), «Маҷмӯаи сурудҳо барои бачаҳо», «Булбулакон сароед» (муаллиф Хосият Шарипова), «Маҷмӯаи сурудҳо аз ашъори Мирзо Турсунзода» (мураттиб Баҳрулло Нарзуллоев), «Солфеджио» (муаллиф Ҷӯрабой Охунов) нашр гардид.

Нахуст Шарифзода Манучеҳр Муртазо ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, дар мавриди таъмини таълимгоҳҳо бо лавозимоти зарурии хониш, аз ҷумла китобҳои тахассусӣ бо забони давлатӣ, ки яке аз мушкилоти соҳа ба ҳисоб меравад, суханронӣ намуд.

26.05.22.3 2Номбурда дар идомаи суханронии хеш аз ҷумла баён дошт, ки “Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириву кумакҳои пайваста ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи фарҳанги кишвар як қатор Барномаҳоро роҳандозӣ намудааст. Барои дар сатҳи баланд қарор гирифтани таълиму тарбияи наврасон ба устодону муҳассилини муассисаҳои олӣ, коллеҷу мактабҳои тахассусии вазорат якчанд номгӯй китобҳои таълимии мусиқӣ тибқи “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” нашр нардид, ки ба ин муассисаҳо ройгон тақдим мегарданд”.

Китобҳои нашргардидаи тахассусӣ ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг ба номи П. Буйдоқов, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ, шуъбаи фарҳанги ВМКБ, раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, раёсати фарҳанги вилояти Суғд, шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе ва мактабҳои санъати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ туҳфа гардид.

Иштирокчиёни ҷаласа, аз қабили муовини ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Латифзода Диловар, директори Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов Давлатзода Баҳодур ва роҳбарони дигар муассисаҳои таълимӣ иқдоми вазоратро шоиста арзёбӣ намуда, сипосу миннатдории хешро аз тарафи устодону донишҷӯёни муассисаҳои зикргардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.

26.05.22.4 126.05.22.4 226.05.22.4 326.05.22.4 426.05.22.4 5










Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг