Сомонаи пешина | Сш, 28 Июн 2022 / 02:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории намоиш-фурӯш ва рӯнамоии зиёда аз 20 номгӯй китобҳои бачагона ва 3 ҷилди силсилакитоби “Ҳафт ахтар”

26.05.22.7 3

Баргузории намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр, рӯнамоии зиёда аз 20 номгӯй китобҳои бачагона ва 3 ҷилди силсилакитоби “Ҳафт ахтар” Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии нашриявии “Адиб” рӯзи 26 майи соли ҷорӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр, маросими рӯнамоии зиёда аз 20 номгӯй китобҳои бачагона ва 3 ҷилди силсилакитоби “Ҳафт ахтар” баргузор гардид.

Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти “Адиб” дар шафати бинои вазорат баргузор шуд, ки аз он аҳли фарҳанги кишвар, зиёиён, устодону шогирдони муассисаҳои таълими миёнаи умумии шаҳри Душанбе, намояндагони воситаҳои ахбори омма дидан намуданд.

Дар намоиш-фурӯш китобҳои тозаэҷоди нашриёт аз қабили китобҳои бадеӣ, илмӣ, соҳавӣ ва китобҳои бачагона ба маърази тамошо гузошта шуд, ки иштирокчиён бо майлу шавқи беандоза ва бо нархҳои арзону дастрас аз ин китобҳо харидорӣ намуданд.

Сипас, маросими рӯнамоии зиёда аз 20 номгӯй китобҳои бачагона ва 3 ҷилди силсилакитоби “Ҳафт ахтар”, ки ба тозагӣ дар нашриёти “Адиб” рӯи чоп омадаанд, дар толори вазорат бо иштироки намояндагони ташкилоту идораҳои эҷодӣ, муассисаҳои олии тобеи вазорат ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт доир шуд.

Нахуст муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф маросимро ифтитоҳ бахшида, ҳузури меҳмононро ба чорабинӣ хайрамақдам гуфт. Муовини вазир ба нашр расидани китобҳои бачагона ва 3 ҷилди “Ҳафт ахтар”-ро падидаи беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар номида, дар идомаи суханронии хеш қайд кард, ки “Имрӯзҳо маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои зиёди адибони классику муосири тоқик чоп мегарданд. Иқдоми наҷиби дигаре, ки роҳандозӣ гардид, ин ба нашр расидани зиёда аз 20 номгӯй адабиёти бачагона ва бори нахуст ба табъ расидани “Ҳафт ахтар” мебошад, ки боиси ифтихору хушҳолист. Нашри ин китобҳо барои тафаккури ҷомеаи имрӯзаи мо саҳми арзанда хоҳад гузошт”.

Ҳамзамон қайд гардид, ки нашри китобҳо дар тарбияи маънавӣ ва иштироки фаъолонаи кӯдакон, наврасону ҷавонони мамлакат дар Озмунҳои ҷумҳуриявӣ нақши муҳим мегузорад.

Сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Раҳмоналӣ Шералиев ба ҳозирин адабиёти тозанашрро аз қабили “Офтоб хандид” аз нависандаи маҳбуб Абдулҳами Самад, “Чӯҷа, ҷӯҷа ва Хӯҷа” –и Низом Қосим, “Меҳмони кайҳон”-и Гулчеҳра Маҳмадизода, “Куҷо шуд офтобак”-и Сафар Амирхон, “Боғи гузар”–и Муҳаммад Ғоиб, “Амак шудем”- и Абдусаттори Раҳмон, “Гули анор”-и Гулчеҳра Сулаймонӣ, “Ширангубин”-и Раҳмат Назрӣ, “Маҳтоб дар об”-и Муродалӣ Собир, “Афсонаҳои молиявӣ барои бачаҳо” –и муаллифон Флорова Е.Е. ва Кармадонова Е.В. дар тарҷумаи Раҳмоналӣ Шералиев, “Аз нӯги хамир”-и Аминҷон Шукӯҳӣ, “Машқи ҳисоб”-и Ҷӯра Ҳошимӣ, “Ситорапалав”-и Маҳбуба Неъматова, “Нози баҳорон”-и Юсуфҷон Аҳмадзода, “Боди сабо”-и Шариф Муҳаммадёр, “Шаҳраки занбӯрон”-и Муҳаммадюсуфи Шодӣ, “Афсонаҳои даврони қадим”, “Ёздаҳ то ҳикояча барои садҳо бача”, “Ҳикояҳои ду гургу саг” ва се ҷилди “Ҳафт ахтар”: “Достонҳо аз Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Мунтахаби девон”-и Авҳадуддин Анварӣ ва “Ду достон”-и Низомии Ганҷавро муаррифӣ намуд.

Нависандаи маъруф Абдулҳамид Самад нашри китобҳои бачагонаро иқдоми нек ва саривақтӣ шуморида, чопи асарҳои тоза ба тозаи адибони мамлакатро орзу намуд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим рӯнамоии китобҳои тозанашрро ба фарҳангиёни кишвар табрику шодбош гуфта, аз Ҳукумати мамлакат ва Вазорати фарҳанг изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Низом Қосим дар идомаи суханронии хеш иброз дошт, ки “Мардуми мо аз азал китобдору китобдӯстдор буд. Маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо нашри китобҳо рӯ ба афзоиш ниҳоданд. Боварӣ дорем, дар оянда низ чопи асарҳои адибон идома меёбанд ва умед бар он мебандем, ки китобҳои нашргардида хонандаи хешро меёбанд”.

Номбурда дар идомаи суханронии хеш пешниҳод намуд, то китобҳои чопшуда ба ноҳияҳои дурдасти кишвар низ дастрас гардида, теъдоди нашрашон то ба 5000 нусха расонида шаванд.

Шоири шинохта Муҳаммад Ғоиб аз шоирони бачагона даъват намуд, то масъулиятнок бошанд ва шеъре эҷод намоянд, ки дар ёди кӯдак ба ҳамешагӣ боқӣ монад.

Адиби шинохта Рустами Ваҳҳоб ва адабиётшинос Боймурод Шарифзода нашри “Ҳафт ахтар” ва адабиёти бачагонаро иқдоми нек арзёбӣ намуда, кӯдаконро беҳтарин ва ҷиддитарин хонанда шумориданд. Намоиш-фурӯш ва рӯнамоии китобҳои тозанашри нашриёти "Адиб" бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

26.05.22.8 126.05.22.8 326.05.22.8 226.05.22.8 426.05.22.7 926.05.22.7 726.05.22.7 126.05.22.7 226.05.22.7 426.05.22.7 526.05.22.7 1126.05.22.7 626.05.22.7 826.05.22.7 1026.05.22.7 12