Аз 21 то 25 майи соли равон дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фестивали байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ баргузор гардид, ки се нафар ҳунарманди тоҷик Салима Каримова, Хуршед Сатторов ва ширкати ООО «Рухом» ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.
Дар номинатсияи “Мактаби беҳтарини зардӯзӣ” корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунарманд Салима Каримова сазовори ҷои аввал ва бо маблағи 1300 доллари ИМА қадрдонӣ шуд.
Муваффақияти Салима Каримоваро дар Фестивал табрику таҳният мегӯем.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг