Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рӯзи 20 июни соли равон ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон ҷаласаи бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ ректори донишкада, профессор, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшад Шуҷоат суханронӣ намуда, аҳли нишаст, мардуми кишварро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамбастагию ҳамраъӣ самимона табрику муборакбод гуфта, таъкид кард, ки “Ҳама дастовардҳою пешравиҳои мамлакат дар тӯли 25 соли охир бо имзои созишномаи сулҳи мазкур вобастагии қавӣ дорад. Агар сулҳ барқарор намешуд, на танҳо таъсиси донишкадаи мо дар соли 2013 муяссар намегардид, балки тақдири минбаъдаи тамоми ҷумҳурӣ, тақдири давлати тоҷикон зери суол мемонд. Пас бояд ба қадри ин сулҳ, ин ваҳдату ҳамбастагӣ бояд расид.”-гуфт ректори донишкада.
Сипас, маърӯзаҳои мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии донишкада, номзади илмҳои педагогӣ Субҳон Усмонов дар мавзуи “Ваҳдат – омили рушди мамлакат” ва омӯзгори кафедраи санъатшиносӣ Малика Қодирова дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон–Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон”пешкаши аҳни нишаст гардид, ки иштирокчиён бо мароқи беандоза маърӯзаҳои устодонро шуниданд.
Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг