Сомонаи пешина | Яш, 14 Август 2022 / 17:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ба истиқболи Рӯзи ваҳдати миллӣ

24.06.2022.8

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ФИДОИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Эмомалӣ Раҳмон рӯи мавҷҳои азими ҳодисаҳои талху сангину кӯбандаи ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба баҳри хурӯшони сиёсати бузург ворид шуд. Ин мавҷҳои азим, ҳамон тавр ки ӯро бар фарози худ бардошта буданд, мумкин буд, ки дар пайи як хато ба таври бебозгашт равонаи қаъри ин баҳри пурталотумаш кунанд. Вуруди эшон ба арсаи сиёсат дар замони авҷи шуълакашии оташи ҷанги дохилии таҳмилӣ дар Тоҷикистон дақиқан ҳамин манзараи ҳавлноку пурхатарро дар зеҳнҳо мусаввар мекунад. Аз ду роҳи ҳатмӣ ҷуз яке пеши рӯи ӯ бештар қарор надошт – ё бояд ин сӯхтори бунёдсӯзро тавонмандона хомӯш мекард, ё худ дар алангаи оташи он месӯхт. Осон набуд ҷангидан бо ҷанге, ки дар таърихи фоҷиабори мамлакати мо яксаду панҷоҳ ҳазор ҳаётро бо худ бурд, ҷанге, ки аз ҳаштодупанҷ ҳазор кӯдак падару модарашонро гирифт, ҷанге, ки биступанҷ ҳазор наварӯсро бева кард ва ниҳоят ҷанге, ки паёмадаш қалбҳои шикаста буду хонаҳои вайрон ва корхонаҳои муфлису иқтисоди фалаҷ.

Ӯ замоне масъулияти азим ва хатири роҳбарии давлатро бар дӯш гирифт, ки сиёсатмадорони пуртаҷрибаи ба қавле “чашмикордон”, ки теъдодашон то шурӯи ин фоҷеаи азим хеле зиёд буду аз ҳар минбаре барои изҳори тавоноии фардии хеш ва дилсӯзии халқ фурсатеву баҳрае меҷустанд, аз пазируфтани ин мақоми баланд худро канор мекашиданд ва ин як парадокс буд. Бале, парадоксе, ки иллату сабабҳои хеле ҷиддӣ дошт. Зеро сиёсатбозиву майдонкашиҳои ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсие, ки дар даврони демократисозӣ ва ошкорбаёнии горбачёвӣ дар солҳои поёнии Иттиҳоди Шӯравӣ ба майдони муборизаҳои сиёсӣ ворид шуда буданд, миллатро ба ду ҷабҳаи комилан мухолиф тақсим карда буд.Ваҳдати миллӣ дар назму низоми давлат дигар на маъние дошт ва на ҷойгоҳе.

Нуқтаи авҷи низоъҳои дохилии нерӯҳои ба ҳам мухолифи кишвар дар ду майдони пойтахти мамлакат - майдони Шаҳидон ва майдони Озодӣ хулоса мешуд. Муқовимати ду майдон аз пойтахт ба музофот кашида шуд. Дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа саркардагон тарафдорони худро мусаллаҳ карданд ва як ҷанги дохилии тамомъиёр шурӯъ гардид. Аммо як чиз хеле возеҳ буд, ки ҷараёни воқеаҳо аз хориҷи кишвар идора мешуд, ки ин омил вазъияти бе ин ҳам сангини кишварро боз ҳам мураккабу печидатар мекард. Силоҳбадастон президенти қонунии ҷумҳурӣ Раҳмон Набиевро, ки мехост ба таври пинҳонӣ аз Душанбе ба Хуҷанд бираваду ҳукуматро аз он ҷо идора намояд, дар фурудгоҳ таҳти фишор аз мансаб ронданд.

Ҳукумат бе роҳбар монда, фалаҷ шуд. Пойтахт ба дасти сарони ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи давлат афтод, аммо ҳеҷ як аз вилоятҳои ҷумҳурӣ ҳозир набуд, ки ҳукумати онҳоро ба расмият бишносад ва аз онҳо итоат намояд. Тоҷикистонро ҳамчун давлати ягона хавфи парокандагӣ таҳдид мекард ва тавре имрӯз дар баъзе пойгоҳҳои интернетӣ дида мешавад, нақшаи онро дар хориҷи кишвар аллакай кашида буданд. Бале, нестии кишвар дигар ногузир буд, агар он воқеаи таърихии тақдирсоз ба вуқӯъ намепайваст – баргузории Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Тоҷикисон дар шаҳри Хуҷанд.

Ин иҷлосия, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 доир гардид, шахсиятеро ба арсаи сиёсат овард, ки бо тамоми масъулият ҳамаи донишу таҷриба ва кӯшишу тавоноии худро барои барқарор намудани сулҳу салоҳи оммавӣ дар мамлакат ва пирӯзии ҳукумати қонун бар бесарусомонӣ бахшид. Ӯ дар вазъияте зимоми умурро ба даст гирифт, ки ҷанги хонумонсӯз натанҳо зерсохторҳои иқтисодии кишварро хароб карда буд, балки зеҳну хотири мардум низ бар асари ваҳшати ҷанг тағйир ёфта буд. Зеро одамон худро танҳову бепуштибон медиданд.

Ваҳшатноктар аз ин, мардум итминонро ба оянда ва ба ҳама касу ба ҳама чиз аз даст дода буд. Мамлакат киштии тӯфонзадаеро мемонд, ки инак-инак ба қаъри дарё фурӯ меравад.

Вазъи рӯзҳои аввали ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудани хешро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз мулоқотҳояш бо ҷавонони лаёқатманд, ки ҳамон кӯдакони солҳои ҷанг буданд, соли 2013 ин тавр баён намуда буд: “Дар рӯям гуфтанд: Туро баъди ду ҳафта мекушанд. Ман як чиро дарк мекардам, ки дар ҳамон вақт роҳбаре даркор буд, ки фидоии миллат бошад, худашро қурбон кунаду миллатро сарҷамъ”.

Сарвари давлат кори худро аз гуфтушунид бо тарафҳои даргир шурӯъ намуда, 8 декабри соли 1992 ба мардум муроҷиат кард: “Халқи мо имрӯз душвортарин ва фиҷиаонктарин давраи таърихи худро аз сар гузаронида истодааст. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона барқарор шудани сулҳ равона карда, барои Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам.”

Банда, муаллифи ин сатрҳо ҳамроҳ бо Абдуфаттоҳ Шарифзода – сардори Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрмаҳмад Аралев – коргардони синамо ва ҳамкасбону дӯстони дигар тайи солҳои 2012-2013 як филми мустанадаи дуқисматиро таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – марде аз сарнавишт” дар бораи ҳаёту фаъолияти Пешвои муаззами миллат таҳия мекардем. Табиист, ки кор аз пайдо кардани ошноии комил бо бойгонии филмҳо ва наворҳои сабтшуда аз воқеаҳои таърихӣ оғоз мешуд. Чизеро, ки ман бештар аз ҳама мехостам бубинам, ин бархӯрд ва эҳсосоти тарафҳо ҳангоми мулоқоту музокироти сулҳ буд. Бинобар ин, ҳангоми тамошои наворҳо ба ин ҷанбаи масъала диққати бештар медодам. Аҳаммият медодам, ки онҳо чи тавр бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, чи тавр салом мекунанд, чи тавр сухан мегӯянд ва чи тавр ба чашми ҳамдигар менигаранд? Ман як чизро дидам, ки агар ҳангоми гуфтушунидҳо бо раҳбарони мухолифин дилҷӯӣ, хушхулқӣ, садоқату ростқавлӣ ва азму иродаи қавию самимонаи Эмомалӣ Раҳмон ошкору возеҳ намебуд, мо ба ин сулҳу салоҳу амният намерасидем. Зеро хунсардӣ ва нобоварӣ дар чашмҳо ва гуфтору рафтори намояндагони ҷониби муқобил хеле равшан намоён буд. Бале, бовару итминон нисбат ба якдигар дар музокироти сулҳ нақши хеле ҳалкунанда дошт. Онҳо оҳиста-оҳиста ба нияти неки сулҳхоҳӣ, азми қавӣ, иродаи устувор ва ростқавлию ҷавонмардии ӯ бовар карданд, ҳарчанд медонистанд, ки дар паҳлӯи Сарвари давлат қумондонҳои худсар ва сиёсатбозоне низ ҳастанд, ки ин сулҳу салоҳро натанҳо намехоҳанд, балки ҳозиранд бо тамоми нерӯ онро маҳв намоянд.

Амри дигари муҳим барои расидан ба сулҳу салоҳи комил ин баргардонидани фирориён аз дохилу хориҷи мамлакат ба маконҳои аслии зист ва хонаву дарашон буд, ҳарчанд дар маҳалҳои ҷангзада дигар хонаву даре ҳам намонда буд. Аммо сарвари давлат тавссути радио ва телевизион ба ҳамватанон муроҷиат кард:

“Ман муроҷиат мекунам ба тамоми ҳамватанони худам, ки имрӯз дар хоки Афғонистон истиқомат доранд, фирорӣ ҳастанд, ба ватани худ баргарданд. Ватани ҳамаи тоҷикони дунё - ин Тоҷикистон аст, пеш аз ҳама он тоҷикони муқимие, ки имрӯз дар асари он задухӯрдҳо аз ватани худ беватан гаштаанд. Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти вазнини иқтисодӣ қарор дошта бошад ҳам, мо ҳамаи кафолат, ҳамаи шароитҳоро медиҳем, то ҳарчи зудтар онҳо ба масканҳои доимии худ баргарданд. Ҳамаи шахсоне, ки дар ин ҷанги бародаркушӣ даст зада бошанд, дар даст силоҳ дошта бошанд, онҳоро ҳам авф мекунем. Чунки ман дар назди мардуми ҷумҳурӣ ваъда додаам: “То гурезаи охирин ба ватани худ, ба маскани доимии худ барнагрдад, ман ҳамчун Сарвари давлат ва Раиси шӯрои Олӣ худро ором ҳис намекунам ва аз фаъолияти кории худ низ қаноатманд намешавам”.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз 9 моҳу 12 рӯзи интихоб шуданаш ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ бо даъвати собиқ Президенти Давлати Исломии Афғонистон устоди шаҳид Бурҳониддини Раббонӣ ҷиҳати боздиди расмӣ ба Кобул сафар кард. Ҳалли ҳарчи зудтари ду масъалаи асосӣ - баргардонидани фирориҳои тоҷик ба ватан ва дуюм, ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ҳар ду давлат аз мақсадҳои аслии ин сафар ба шумор мерафт. Сарвари давлат аз ин сафари пурхатар пирӯзу муваффақ баргашт.

Ҳарчанд дар ин миён дар ноҳияи Рӯшон мухолифони сулҳу оштӣ ба ҷони вай суиқасд анҷом доданд, вале ӯ дигар худро фидоии ҳадафи олии хеш карда буд – расидан ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ!

Вохӯрии аз ҳама пуршиддату хатарнок, вале пурмаҳсулу бомуваффақият 11 декабри соли 1996 дар шимоли Афғонистон баргузор шуд. Дар ҳудуди давлате, ки дар он ҷанги дохилӣ дар авҷ буд, парвоз кардан хатари бузург дошт. Дар чунин вазъият музокироти навбатии ҷонибҳо дар рустои Хосдеҳ баргузор шуд. Пешвои миллат порае аз суханони хешро бо сарварони мухолифин дар он вазъияти ҳассос ин гуна ба хотир меоварад:

“Дар сурате ки мову шумо ба ифоқа наоем, ҷанги шаҳрвандӣ давом кунад, миллати тоҷик пароканда мешавад. Кишварҳое ҳастанд, ки кумак карда истодаанд, бо ҳар роҳу восита давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз байн меравад ва мову шумо дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун миллаткуш боқӣ мемонем, ки фарзандону наберагону аберагони мову шуморо ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик дигар намебахшад. Ана ҳаминро ба инобат гирифта, ман назди шумо барои сулҳ кардан омадаам”.

Мухолифони сулҳу созиш бо ҳар роҳу восита кӯшиш карданд, ки ҷараёни музокироти сулҳро халалдор намоянд. Рӯзи 30 апрели соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суиқасди навбатӣ сурат гирифт, вале ин таҳдиди ҷонӣ низ азму иродаи меъмори сулҳро суст накард ва ниҳоят рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Бо ба имзо расидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз Тоҷикистон амалан аз марҳалаи ҷангу даргирӣ ба марҳалаи нави рушд – созандагиҳои бузург ворид гардид, ҳарчанд ки баъдҳо низ аз сӯи баъзе қумондонҳои худсар ошӯбҳо ва нооромиҳое ба вуқӯъ пайваст.

Ман имрӯз ба он шоҳкории бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ мекунаму шукри сарнавишт мекунам. Шукр мекунам, ки Худо ба миллати мо дар сарҳадди ҳаёту мамоти давлат чунин шахсияти некӯният, қавиирода ва фидоии миллату давлати хешро ато кард. Ӯ буд, ки ҷон дар кафи даст барои мо сулҳ овард, миллатро сарҷамъ ва мамлакатро обод кард. Агар мо ба ин сулҳу салоҳ намерасидем ва ҷанг мисли ҳамсоякишвар то имрӯз идома меёфт, яқин буд, ки дигар расидан ба сулҳу амният ба як хобу хаёли руъёӣ табдил мешуд. Зеро воқеаҳои ахири кишварҳои Ховари Миёна – Ироқ, Сурия ва Яман ба мо ин ҳақиқати талхро ошкор сохт, ки то тақсимоти ҷаҳон байни абарқудратҳо бо поён нарасад, дар оташи ҷангу низоъҳои дохилии кишварҳо ба ҷои об равған рехта мешавад. Ман шукр мекунам, ки мо қабл аз ба ин ҳолати вахим расидани ҷаҳони муосир аз он вартаи ҳалокат ва вазъи хатарнок берун омадем ва он ҳам ба шарофати азму иродаи қавӣ, нияти нек, ақлу заковати расо, садоқату ҷоннисорӣ ва донишу таҷрибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо дастони созанда ва раҳбарии муваффақонаи ин шахсияти ватанпарвару давлатсоз Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои амни ҷаҳон табдил ёфт, соҳиби артишии миллии муҷаҳҳази худ гардид, аз бунбасти иртиботӣ берун омад, амнияти озуқаворӣ ва энегретикияш таъмин шуд, ба ҳадафҳои стратегияш пай дар пай даст ёфт, шаҳру деҳоташ рӯ ба рушд ниҳода ободу зебо гардид ва нуфузу эътибораш дар арсаи байналмилал ба маротиб боло рафт. Аз ин рӯ, мардуми шарифи Тоҷикистон чун ҳалқаи фӯлод дар гирди эшон муттаҳид гаштааст ва ин иттиҳоди муборак бешакку шубҳа моро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави саодату хушбахтӣ хоҳад расонд.

Раҳмоналӣ Шералиев
Сардори раёсати табъу нашр
ва матбуоти Вазорати фарҳанг