Сомонаи пешина | Яш, 14 Август 2022 / 17:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Коллеҷи рассомӣ Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифт

24.06.2022.9Рӯзи 24 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов” бахшида ба 25 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо иштироки роҳбарият, устодону шогирдони муассиса чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ҷонишини директор оид ба тарбия Абдулвадудова Оразбону ва роҳбари бахши илми муассиса Сайдуллоева Гулнора бо маърӯзаҳои худ дар мавзӯи Сулҳу ваҳдати миллӣ баромад намуда, аз ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, ягонагию якдигарфаҳмӣ суханрониҳо карданд.

Ҳамзамон донишҷӯёни муассиса барномаи ҳунариро иборат аз суруду таронаҳои дилангез, рақсҳои мавзуну дилфиреб манзури аҳли нишаст гардониданд. Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар муассиса бо шукӯҳу шаҳомати идона баргузор гардид.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

24.06.2022.1024.06.2022.11