Сомонаи пешина | Яш, 14 Август 2022 / 18:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ШУМОРАИ НАВБАТИИ “ИЛМ ВА ҲАЁТ” НАШР ШУД

24.06.2022.17Шумораи навбатии маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” ба ҷашни 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, ба муносибати ин санаи фархунда матлабҳои “Танҳо сулҳ бошад, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд”, “Эмомалӣ Раҳмон – роҳбар ва раҳнамои сулҳи Тоҷикистон”, “Бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем”, “Нақши Ҳаракати ваҳдати миллӣ дар таҳкими сулҳ” нашр гардиданд.

Баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” чорабинии муҳимми сиёсии кишвари мо буд. Ба ин муносибат дар маҷалла матлаби “Чанд мантиқи як ташаббуси бузург” ҷой карда шуд.

Ба марҳилаи таърихӣ ворид гардидани муносибатҳои бародаронаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳам аз рӯйдоди муҳимме буд, ки дар маҷалла бо матлаби “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: марҳилаи таърихии муносибатҳо барои рушди давлатдориҳои миллӣ” инъикос ёфт.

Ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – эълони озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва иқдоми шоистаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар партави ин ташаббусҳои наҷиб эълон кардани озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоси ҳайати эҷодии маҷалла қарор дорад ва онҳо ҳамаҷониба инъикос мешаванд. Матлабҳои “Умедбахши ояндаи дурахшон”, “Фурӯғи субҳи доноӣ... хеле такмил ёфтааст”, “Иқдоми шоистаи шаҳрдори шаҳриёр” аз ин ҷумлаанд.

“Навоварӣ ба илм шаҳомат мебахшад”, “Тоҷикон ва русҳо: кадоме воқеан бародари калонӣ буд?”, “Пиллапарварӣ - соҳаи муҳим”, “Усулҳои самарабахши истифодаи донишҳо”, “Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ – омили муҳимми ташаккули маънавиёт”, “Нақши анъанаҳои миллӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат” ва монанди инҳо аз ҷумлаи матолиби тахассусии шумораи навбатии маҷалла мебошад.