Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ сафари ҳунармандони оркестри эстрадии "Гулшан" ва ансамбли рақсии "Ҷаҳоноро"-и "Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ"-и вазорат ба ноҳияҳои дурдасти кишварамон, водии Рашт баргузор мегардад.
Барномаи нахустини консертӣ дар ноҳияи Нуробод барои болидагардонии таъби сокинон баргузор гардид, ки мардуми фарҳангдӯсти ноҳия баромади ҳунармандонро бо кафкубиҳои бардавом истиқбол гирифта, дар ҳавои суруду таронаҳои ҳунармандон шодию хушҳолӣ мекарданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки сафари ҳунармандони оркестри эстрадии "Гулшан" таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов ва ансамбли рақсии "Ҷаҳоноро" зери роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, устоди рақс Дилором Сатторова дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Сангвор то рӯзи 27 июн идома меёбад.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг