Сомонаи пешина | Яш, 14 Август 2022 / 18:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоиш-фурӯши “Маснавии маънавӣ” ва дигар китобҳои тозанашри нашриёти “Адиб”

25.06.2022.5Дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ рӯзи 24 июни соли равон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии нашриёти “Адиб” намоиш-фурӯши шоҳасари “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва китобҳои ба тозагӣ чошшудаи нашриёт баргузор гардад.

“Маснавӣ” аз ҷониби Муассисаи давлатии нашриявии “Адиб” дар ду шакл: як матни комил дар як китоб ва се қисмат дар се ҷилд ба нашр расида, пешкаши аҳли завқу маънӣ, дӯстдорону дилбохтагони шеъру адабиёт гардид.

Инчунин дар намоиш-фурӯш силсилаи “Ахтарони адаб”, “Ҳафт ахтар”, “Куллиёт”-и Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ, китобҳои назмию насрии адибони муосири тоҷик, китобҳои соҳавӣ, илмӣ, бадеӣ, ки ба тозагӣ нашр гардидаанд ба маърази тамошо гузошта шуд, ки сокинони шершумори пойтахт, аҳли фарҳангу адаби кишвар аз он дидан намуданд

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

25.06.2022.625.06.2022.725.06.2022.825.06.2022.925.06.2022.1025.06.2022.1125.06.2022.1225.06.2022.1325.06.2022.14