Сомонаи пешина | Дш, 03 Октябр 2022 / 00:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки фаъолонаи донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов дар ҷамъбасти озмуни “Расми беҳтарин”

29.06.2022.1Рӯзи 25 июни соли равон дар “Майдони 800-солагии Москва” - и пойтахт, маросими ҷамбасти озмуни “Расми беҳтарин”, ки дар доираи чорабиниҳои муштараки зиддинашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ– 2022” таҳти шиори “Ҷавонон зидди маводи нашаъовар”, бахшида ба 26 июн-“Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он” баргузор гардид.

Дар озмун донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов” бо расмҳои кашидаи худ фаъолона иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва Диплому Ифтихорномаҳо шуданд. Шогирдони муассиса Шамсиддин Озарӣ сазовори ҷои 1-ум, Абдуллоев Масрур ҷои 2-юм, Холова Сайёҳат ҷои 3-юмро ишғол намуда бо дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон ба донишҷӯёни муассиса Муллоҷонов Фаррух ва Зафари Ганҷина барои ишғоли ҷои ифтихорӣ бо Ифтихорномаҳо ва ба ҳамаи иштирокчиён ҷиҳати иштироки фаъолонаашон изҳори сипосу миннатдорӣ баён гардид.

Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов” иттилоъ доданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

29.06.2022.229.06.2022.329.06.2022.4