Сомонаи пешина | Яш, 02 Октябр 2022 / 23:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг дар нимсолаи аввали соли 2022

06.07.22 1Рӯзи 5 июли соли равон дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, муовинони вазир, сардорону кормандони раёсату шуъбаҳои вазорат ва роҳбарони раёсату шуъбаҳои фарҳанги вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара 7 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба масъалаи якум гузориши сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Озар Орифӣ оид ба санҷиши рафти татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, Зафаробод, Деваштич ва Спитамени вилояти Суғд шунида шуд.

Доир ба масъалаи дуюм дар бораи таъсис додани Филармонияи халқӣ дар назди Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ гузориши сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Озар Орифӣ пешниҳод гардид.

06.07.22 13

Оид ба масъалаи сеюм гузориши сардори раёсати санъати вазорат Мирзоолим Саидов доир ба омӯзиш ва таҳлили вазъи эҷодии Театри давлатии узбекии драмаи мусиқии ба номи Ш. Бурҳонови ноҳияи Спитамен, Театри ҷумҳуриявии русии драма ва мазҳакаи ба номи А. Пушкин ва Театри лӯхтаки шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ироа гардид.

Вобаста ба натиҷаи мониторинги барномаҳои соҳавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, гузориши сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи вазорат Акмал Олимшоев шунида шуд.

Доир ба омӯзиш ва таҳлили вазъи ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд сардори Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорат Мирзошариф Абдусаломов гузориш дод.

Масълали дигари ҷаласа тасдиқи оинномаҳои Муассисаи давлатии “Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихӣ”, Муассисаи давлатии “Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор” ва Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон” аз ҷониби ҳайати мушовара қабул гардид.

06.07.22 16

Вобаста ба таҳлил ва натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорати фарҳанг ва соҳаҳои тобеи он дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳои афзалиятноки соҳа дар нимсолаи дуюми соли 2022 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, аз ҷумла чунин қайд кард: “Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ фаъолияти худро равона намуда, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидаро мавриди баррасӣ ва иҷро қарор доданд. Дар ин давра муассисаҳои театрию консертӣ дар баргузории ҷашнҳои 29 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Рӯзи матбуоти тоҷик, Рӯзи фарҳанг, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба ташрифи меҳмонони олимақом фаъолона иштирок намуданд”.

Вазири фарҳанг дар идомаи суханронии хеш фаъолият дар соҳаи санъат ва намоишҳои театрию консертиро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла чунин қайд кард, ки “Яке аз самтҳои фаъолияти бевоситаи муассисаҳои театрию консертӣ ташкили чорабиниҳои давлатӣ ва байналмилалӣ дар сатҳи баланди ғоявию бадеӣ мебошад. Аз ҷумла, муассисаҳои театрию консертӣ барои баргузории ҷашнҳои Сада, 29 - солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Форуми 14-уми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея, Форуми Раисони шаҳрҳои кишварҳои Осиё, барномаҳои консертӣ бахшида ба Рӯзи Модар, Форуми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ”, маросими ифтитоҳи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ, таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Шашмақом, Фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид менамояд”, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба ташрифи меҳмонони олимақом фаъолона иштирок намуданд, ки дар маҷмӯъ 54 чорабиниро ташкил намуд”.

Зулфия Давлатзода вобаста ба муҳиммият ва дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ доир гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ибрози назар намуда, дар идомаи суханронӣ қайд кард, ки “Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-154 Низомнома ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ гардид. Раёсати санъат бо назардошти муҳиммияти ин чорабинӣ ва бобати дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ доир гардидани озмун, як қатор корҳои мушаххасро анҷом дод. Аз ҷумла, ҳайати мутасаддиён аз ҳисоби муовинони вазир ва сардорони раёсату шуъбаҳо, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва кормандони раёсату шуъбаҳо таъсис дода шуд. Нақшаи баргузории даври якум омода гардида, пас аз тасдиқ аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявии озмун ба шуъбаву бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуд. Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” тибқи нақша аз 10 май оғоз гардида, 14 июни соли 2022 дар ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид”.

Вазири фарҳанг соли 2022-ро барои мардуми хушиқболи тоҷик соли пурфараҳу пурнишот номида, оид ба таҷлили 25 солагии баимзорасии “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” – Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин муносибат як қатор чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ таҳия гардиданд, ибрози назар кард ва дар идомаи сухани хеш иброз дошт, ки “Дар муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ бахшида ба солгарди санаҳои таърихию фарҳангӣ, иду ҷашнҳо, аз қабили Иди Сада, Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Рӯзи матбуот, Рӯзи фарҳанг, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи шашмақом, Рӯзи байналмилалии оила, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028”, инчунин, вобаста ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва ғайра мулоқоту вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, конфронсу семинарҳо, фестивалу озмунҳо, маҳфилҳои эҷодӣ, намоишҳои китобию матбуотӣ, ҳунарҳои мардумӣ, осори рассомон ва барномаҳои консертию театрикунонидашуда баргузор шуданд. Тӯли ин муддат, 30 894 чорабинии гуногун бо фарогирии 2 994 624 нафар баргузор шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 800 чорабинӣ ва 760 400 нафар иштирокчӣ зиёд мебошад”.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои солонаи вазорат 11 марти соли равон Рӯзи матбуоти тоҷик дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронии мамлакат, рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ ва мустақил бо ҳузури теъдоди беш аз 300 нафар баргузор гардид.

Раёсати табъу нашр ва матбуот дар нимсолаи аввали соли 2022 тибқи нақшаи солонаи фаъолият як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуд. Аз ҷумла, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии силсилаи китоби 50-ҷилдаи “Ахтарони адаб” ва 23 номгӯ китобҳои тозанашри адибони муосири тоҷикро, ки тавассути нашриёти “Адиб” аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд, бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои эҷодӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва олимону адибон баргузор намуд.

Зулфия Давлатзода нашри 50-ҷилдаи “”Ахтарони адаб”-ро падидаи беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар номида дар идома чунин қайд кард: “Дар силсилаи “Ахтарони адаб” осори мунтахаби 101 шоири классики тоҷику форс дар 39 ҷилд ва дар баёзҳои мухтасари насри муосир намунаи осори 22 нависанда ва дар бахши назм намунаи ашъори 41 шоири муосир муаррифӣ гардида, теъдоди умумии силсила 250 000 нусхаро дар бар мегирад, ки дар маҷмӯъ осори 163 адиби классик ва муосир дар он гирдоварӣ гардидаанд. Ҳамчунин, рӯнамоии 3 ҷилди силсилакитоби “Ҳафт ахтар” ва зиёда аз 20 номгӯй китобҳои бачагона, ки тавассути Муассисаи давлатии нашриявии “Адиб” ба табъ расидаанд, рӯзи 26 майи соли ҷорӣ баргузор шуд. Мавриди зикр аст, ки китобҳои мазкур бо дастгирии Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидаанд.

Рӯзи 18 июни соли ҷорӣ маросими рӯнамоии шоҳасари адабиёти классикии тоҷику форс “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки оммаи васеи дӯстдорони каломи бадеъ ва олимону муҳаққиқон баргузор гардид. “Маснавӣ” низ бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз такмилу тасҳеҳ ва бо ороиши наву муосир дар ду шакл: матни комили асар дар як китоб ва се қисмат дар се ҷилд, бо теъдоди 10 000 нусха аз ҷониби Муассисаи нашриявии “Адиб” ба нашр расидааст”.

Зулфия Давлатзода ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №115 аз 03 апрели соли 2021 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ҳамзамон иҷрои фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №72 аз 25 майи 2021 “Дар бораи ташкили сафари “Корвони китоб”, дар арафаи Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз тавассути КВДТС “Китоб” бо мақсади мукаммал ва ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳо ибрози андеша намуда, аз ҷумла чунин гуфт: “Аз 01 то 17 марти соли 2022 дар 15 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон (шаҳрҳои Бохтар ва Левакант, ноҳияҳои Вахш, Кушониён, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, А.Ҷомӣ, Н.Хусрав ва Шаҳритус) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Варзоб) ҳаракати фарҳангии “Корвони китоб” ба роҳ андохта шуд. Ҳаракати дуюми “Корвони китоб” аз 16 то 21 майи соли 2022 ба ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Нуробод, Сангвор бошад, бахшида ба 25 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо муваффақият ба анҷом расид. Дар сафари якуми “Корвони китоб” 15 китобхонаи марказонидашудаи шаҳру ноҳияҳо дар маҷмӯъ бо 4 ҳазору 598 нусха китоб ба маблағи 125 ҳазор сомонӣ ва 7 ҳазору 500 нусха баргаи хонанда афзун гардонида шуд. Аз ин ҳисоб, 3 ҳазору 150 нусха китоб ба китобхонаҳои марказонидашудаи вилояти Хатлон ва 1 ҳазору 448 нусха китоб ба китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ супорида шуд. Дар сафари дуюми “Корвони китоб” 5 китобхонаи марказонидашудаи ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Нуробод, Сангвор” бо 4 ҳазору 274 нусха китоб ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ афзун гардонида шуд. Дар шаш моҳи соли 2022 махзани китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияҳои зикргардида дар маҷмӯъ бо 8 ҳазору 872 нусха китоб ба маблағи 275 ҳазор сомонӣ ғанӣ гардонида шуд”.

Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар соҳаи фарҳанг, ҳамзамон ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда ба сардорони раёсату шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супоришҳо дода шуд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

06.07.22 206.07.22 306.07.22 406.07.22 506.07.22 806.07.22 606.07.22 1506.07.22 706.07.22 906.07.22 1106.07.22 1406.07.22 12