Сомонаи пешина | Дш, 03 Октябр 2022 / 01:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ ҶАҲОН:

08.07.22 1ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ ҶАҲОН: 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳангии моддии ИСЕСКО шомил гардид.

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО ворид гардид.

Парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур аз тарафи коршиносони вазорат таҳия гардида, ба дафтари марказии созмони мазкур тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии пешниҳодгардида, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигараш бошад, ба Феҳристи пешакӣ ворид шуданд.

Парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои мазкур аз ҷониби коршиносони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Абдусаломов - сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ва Наботов Муҳаммад-коршиноси шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ таҳия гардидааст. Ин ёдгориҳо зимни ҷаласаи 10 -уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки аз 4-ум то 07 - уми июли соли 2022 дар Шоҳигарии Мароко баргузор гардид, тасдиқ шудаанд.

Дар ин бора Мирзошариф Абдусаломов - ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг иттилоъ дод.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

08.07.22 608.07.22 708.07.22 208.07.22 308.07.22 408.07.22 5