Сомонаи пешина | Дш, 03 Октябр 2022 / 01:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ба 23 нафар кормандони ниёзманди Коллеҷи рассомӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуд

08.07.22.1 1Дар арафаи Иди Қурбон бо супориши директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов» Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло бо мақсади дастгирии кормандони қисми хоҷагидорӣ ва донишҷӯёни маъюбу камбизоат ба 23 нафар кумакҳои моддӣ расонида шуд.

Кумакҳои расонидашуда аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, тухм ва макарон иборат буда, ба кормандон аз тарафи роҳбарияти муассиса супорида шуд.

Роҳбарияти муассиса дар оянда низ тасмим гирифтааст, ба қадри имкон ба кормандони ниёзманд кумакҳои моддӣ расонад.

Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов» хабар доданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
08.07.22.1 2