Сомонаи пешина | Дш, 03 Октябр 2022 / 00:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

НАХУСТШУМОРАҲОИ "ДОСТОНИ РОҒУН" АЗ ЧОП БАРОМАД

13.07.2022.1Корзори Неругоҳи барқи обии "Роғун" дар бисёр шеъру таронаҳои шоирон тасвир ёфтааст. Вале ин мавзӯъро шоири пурғайрату ватансаро, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Давлат Сафар дар манзумаи хеш "Достони Роғун" басо доманадор, бо ҷузъиёти ҷолибу хотирмон аз нақши беназири бунёдсози ин сохтмони бузурги аср, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври бадеӣ тасвир кардааст.

Китоб бо сарсухани директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Роғун" Сафарзода Хайрулло Амиралӣ оғоз гардида, бо ҳуруфоти тоҷикӣ ва форсӣ дар шакли хеле зебо ва дилнишин ба зевари табъ ороста шудааст.

13.07.2022.213.07.2022.313.07.2022.4