Сомонаи пешина | Дш, 03 Октябр 2022 / 00:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вазири фарҳанг бо сафари хизматӣ дар ноҳияи Дарвоз қарор дошт

12.07.22.1 4

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо мақсади иштирок дар маҷлиси ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якум ва вазифаҳои барои нимсолаи дуюми соли 2022, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, ба сафари хизматӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ қарор дошт.

Зимни сафар ба ноҳияи Дарвоз Зулфия Давлатзода рӯзи 7 июли соли равон дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2022, ки бо иштироки раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳон, муовини раиси ВМКБ Иматшозода Анвар, муовинони раиси ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳо, сардорони идораю муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, тиббӣ, имомхатибони масҷиди ҷомеъ баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ҷаласа Вазири фарҳанг вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самараноку оқилона истифода кардани ҳар порча замин, рӯёнидани ду ва ё зиёда ҳосил, захираи на кам аз дусолаи маводи ғизоӣ ба ҳар як хонавода суханронӣ намуд.

Ҳамзамон Зулфия Давлатзода оид ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба фарҳангу мероси ниёгон ва дигар масъалаҳои муҳимми рӯзмара машварати корӣ анҷом дод.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

12.07.22.1 112.07.22.1 2

12.07.22.1 3