Рӯзи 22 июли соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” тибқи Нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ–омили муҳимми тарбияи хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон” ҷаласаи баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Шуҳрат Азиззода – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Манучеҳр Шарифзода - муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуралӣ Саидов– котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ, Раҳимӣ Фарҳод-Президенти Академиияи милли илмҳои Тоҷикистон, Ҳамза Камол–раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Манучеҳр Шарифзода бо маърӯзаи пурмуҳтаво дар мавзӯи “Қадамҳои устувори Вазорати фарҳанг дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар” баромад кард.
Мавсуф дар суханронии хеш қайд кард, ки “Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои васеъ ҷиҳати ҳифзу гиромидошт ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихии кишвар аз қабили оромгоҳҳои бузургони миллат, масҷиду мадрасаҳои таърихӣ, қалъаву кушкҳо, иншоотҳои мудофиавии ниёгон хеле ривоҷ ёфт. Дар 30-соли истиқлоли кишвар зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихӣ таъмиру барқарорнамоӣ гардидаанд”.
Зикр гардид, ки Вазорати фарҳанг ба ҳайси мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ бо талошҳои пайвастаи мутахассисон ва коршиносони соҳа ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Аз ҷумла, таҳия ва қабули зиёда аз 17 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, таҳия ва қабули “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025”, ворид гардидани 2 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибаҳарии ЮНЕСКО, инчунин 17 ёдгориҳои таърихӣ ба рӯйхати пешвакии мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО, ворид гардидани 19 адад объектҳои таърихию фарҳангӣ ва табиию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳангии ИСЕСКО.
Гуфта шуд, ки тибқи бақайдгирии ёдгориҳои мероси ғайриманқул дар солҳои 2017-2018 дар “Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2018, №356) 3413 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор мутаносибан 70,6%-бостонӣ, 23,4%-меъморӣ ва 6%-монументалиро ташкил медиҳанд. Теъдоди мазкур ниҳоӣ набуда, бо кашф ва бозёфт гардидани объектҳои мероси ғайриманқул, миқдори онҳо низ афзоиш меёбанд.
Ҳамзамон дар муҳокимаи масъалаи рӯзномаи ҷаласа сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони зерсохторҳои Вазорати фарҳанг, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ–ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайриҷамъиятӣ, ҷамъиятҳои илмӣ-фарҳангӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва коршиносони мустақил ширкат варзиданд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг