Сомонаи пешина | Дш, 03 Октябр 2022 / 00:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Муносибатҳои фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон густариш меёбанд

22.07.22.2 2

Бо мақсади густариши муносибатҳои дӯстона ва фарҳангпарварона рӯзи 21 июли соли 2022 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо ва Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз бо Сардори раёсати фарҳанги вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон Юлдош Генжаев ва Директори Филармони вилояти Бухоро Рауф Авезов баргузор гардид.

Дар ҷараёни баргузории вохӯрӣ муносибатҳои фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бухоро аз қабили таҳияи лоиҳаи як қатор созишномаҳои тарафайн, баргузории барномаҳои ҳунарӣ, намоишҳои театрӣ, баргузории дарсҳои маҳорати ҳунармандон ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон рӯзи 22 июли соли ҷорӣ дар доираи сафар меҳмонон аз Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишкадаи давлатии фарҳанг санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Театри давлатии Лӯхтаки шаҳри Душанбе ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев дидан намуданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

22.07.22.2 122.07.22.2 322.07.22.2 4