Сомонаи пешина | Дш, 03 Октябр 2022 / 00:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Консерваторияи миллӣ

25.07.22

Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов рӯзи 22 июли соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти муассиса дар нимсолаи аввали соли 2022 бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар оғози нишаст ректори муассиса Достизода Миралӣ оид ба натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2022 маълумоти мушаххас ироа намуд. Номбурда дар суханронии хеш вобаста ба самти таълим, илм ва корҳои эҷодӣ, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ибрози андеша намуд.

Гуфта шуд, ки дар давраи нимсолаи якуми соли 2022 Консерватория ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардида, дар самти таълиму тарбия, касбомӯзии шогирдон устодони муассиса кору фаъолияти худро ҷоннок намудаанд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” устодону шогирдони муассиса бо маҳорати баланди эҷодӣ баромад намуда, беҳтаринҳо ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.

Ёдрас мешавем, ки дар нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои телевизионӣ иштирок намуда, ба пурсишҳои хеш оид ба мавзӯъҳои марбути муассиса, таъмини хатмкунандагон бо ҷои кор ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг