Сомонаи пешина | Дш, 03 Октябр 2022 / 01:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Чароғи ҳидоят” дар вилояти Суғд

26.07.22Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади амалисозии банди 18-и Нақша-чорабиниҳои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳои 2021-2025” ва баланд бардоштани мақому манзалати китобхонаҳо дар миёни ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа, сифати фаъолияти онҳо дар шароити иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳа ва ба ин васила мусоидат намудан дар ободонӣ, таҳкими базаи моддию техникӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияиҳои ВМКБ, Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони “Чароғи ҳидоят” баргузор мегардад.

Озмун дар аз рӯи се бахш: китобхонаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрӣ ва китобхонаи ноҳиявӣ дар ду давр баргузор мешавад. Дар даври якуми Озмун ҳамаи китобхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон ба даври дуюм беҳтарин китобхонаҳо пешниҳод гардиданд. Аз 11 то 14 июли соли ҷорӣ тибқи низомномаи озмун дар чанде аз китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд даври дуюми озмун доир гардид.

Ҳакамони озмун дар ҳайати Ҳусайн Сафарзода-директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар ва Баҳром Мирсаидов-директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т. Асирӣ аз китобхонаҳои ноҳияҳои Айнӣ, Спитамен, шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва Исфара аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон кормандони китобхонаҳо мувофиқи Оиннома ва Низомномаи муассиса фаъолият намуда, бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, фаъолият доранд. Барои ободу зебо гардонидани китобхона, ҷалби муштариён чораҳои заруриро роҳандозӣ намудаанд.

Чанде аз ин муассисаҳо ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд, ки кору фаъолияти онҳо шоёни таҳсину офарин буда, аз ҷониби ҳакамон баҳои баландро сазовор гардиданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг