Сомонаи пешина | Дш, 03 Октябр 2022 / 01:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов аз оғози соли нави таҳсили 2022-2023 омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуровро ба таври иловагӣ дар дарсҳои фанҳои гуманитарӣ ба роҳ мемонад

27.07.22Дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов”-Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26 июли соли равон бо мақсади боло бурдани ҳисси ватандӯстию худшиносии миллӣ, ошноӣ пайдо намудан бо таъриху фарҳанги ниёгон ва омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо иштироки роҳбарият ва кормандони коллеҷ мизи мудаввар дар мавзӯи “Шоҳасари безаволи Б. Ғафуров “Тоҷикон”- шиносномаи маллат” баргузор гардид.

Дар ҷаласа доктори илмҳои таърих, профессор, декани факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шарифов иштирок намуда, вобаста ба моҳият, мазмуну мундариҷаи китоби безаволи “Тоҷикон” баромади муфассал кард.

Ҳамзамон иштирокчиёни мизи мудаввар доир ба пайдоиши тоҷикон, таърихи навишта шудани китоби мазкур, инчунин аҳамияти омӯзиши ин шоҳасар ибрози андеша намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа иштирокчиён тасмим гирифтанд, то аз оғози соли нави таҳсили 2022-2023 омӯзиши китоби мазкурро ба таври иловагӣ дар дарсҳои фанҳои гуманитарӣ ба роҳ монанд.

Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов” иттилоъ доданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг