Сомонаи пешина | Дш, 03 Октябр 2022 / 01:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - ватани азизи ман» дар Хатлон оғоз гардид

28.07.22 1Рӯзи 25 июли соли ҷорӣ даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон оғоз гардид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар даври аввали озмун аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят 913 нафар иштирок карда, аз ин теъдод танҳо 497 нафарашон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Даври вилоятии озмун дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар шурӯъ гардида, аз ҷараёни баргузории озмун муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ дидан намуд ва ба иштирокчиён муваффақиятҳо таманно намуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи қарори раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз 9-уми марти соли 2022, таҳти №154, барои ғолибони даври вилоятӣ 188 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин маблағ нисбат ба соли гузашта 26 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

28.07.22 2Ҳайати ҳакамони озмун таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фурқат Саидов ба ҳунару маҳорати довталабон баҳогузорӣ намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ беҳтаринҳо соҳиби роҳхат мегарданд.

Ёдрас мешавем, ки Озмун бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-154 оиди баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва дарёфти чеҳраҳои нави сарояндагию навозандагӣ, эҷодкорони ҷавону болаёқат бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Даври вилоятии озмун то 1 августи соли равон идома меёбад.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг