Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“Нақши китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар таълиму тарбияи насли наврас”- баргузории семинар-тренинг дар ноҳияи Ховалинг

29.07.22 1Тибқи нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баргузор намудани семинар-тренинг дар мавзӯи “Нақши китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар таълиму тарбияи насли наврас” ба кулли кормандони системаи китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Ховалинг, зери роҳбарии директори Китобхона Хусайн Сафарзода ва кормандони китобхона рӯзи 27-уми июли соли равон ба ноҳияи Ховалинг сафар намуданд.  

Директори системаи китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳия Муҳсиддин Сайтоҷов ва кормандони китобхонаҳояи ноҳия дар семинар-тренинг иштирок намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки кормандони китобхонаҳои ноҳия ва филиалҳои онҳо мувофиқи Оиннома корро ба роҳ монда, рафҳои китобхонаҳо пур аз китобҳо, нигаҳдорӣ ва ҷобаҷогузории адабиётҳо мувофиқи талаботи соҳаи китобдорӣ ба роҳ манда шудааст. 

Дар оғози семинар зиёда аз 80 китобу дастурҳоеро, ки аз тарафи кормандони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, ки тӯли солҳои гуногун таҳия ва нашр шудаанд, ба иштирокчиён муаррифӣ гардида, ба системаи китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳия тӯҳфа гардиданд. .Илова бар ин зиёда аз 100 нусха китобҳои электронӣ ба фонди китобхонаҳои ноҳия ройгон тақдим гардид. 

29.07.22 2Гурӯҳи кории семинар тибқи барнома дар мавзӯъҳои гуногун баромад намуда, дар бораи роҳҳои ҷалби аҳли ҷомеа ба мутолиаи китоб, ба одати доимӣ ва ҳамчун шуғл қабул намудани мутолиаи китоб баромадҳои пурмӯҳтаво карданд. Аз ҷумла Мудири шуъбаи хизматрасонии Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар Назрхонум Аҳмадова атрофи фаъолияти шуъбаи хизматрасонӣ ва дар мавзӯи “Фарҳанги мутолиа”, сарбиблиографи шуъбаи илмӣ-методӣ ва маълумотдиҳию библиографии китобхона Лайлӣ Мирзоева дар мавзӯи “Аҳамияти китобҳои электронӣ” бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромад намуданд.   

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар махзани китобии ноҳияи мазкур зиёда аз 62 000 адабиёт бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ маҳфуз мебошад.   

Гурӯҳи корӣ дар муддати чанд рӯз бо кормандони системаи китобхонаҳои марказонидашуда ва филиалкитобхонаҳои ноҳия сӯҳбату вохӯриҳои судманду самимӣ гузаронида, дар роҳи пешбурди кори муассисаҳо, ҷалби бештари хонандагон ба китобу китобхонӣ ва ҳамзамон дар баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маънавиёти кӯдакону наврасон мулоқотҳои доир намуданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг