Сомонаи пешина | Пш, 05 Октябр 2023 / 08:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар Нерӯгоҳи барқию обии “Роғун”

29.07.22.1 2Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июл то 29 сентябри соли ҷорӣ дар иншооти даврони истиқлоли кишвар-Нерӯгоҳи барқию обии Роғун барои кормандону сохтумончиён барномаҳои консертӣ ва намоишҳои театрӣ баргузор мегардад.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида муассисаҳои тобеъи вазорат тӯли ду моҳ, ҳар ҳафта шоми рӯзҳои панҷшанбе барномаҳои ҳунарӣ ва намоишномаҳои хешро манзури заҳматкашони ин сохтмони аср мегардонанд.

Рӯзи 28 июли соли равон, нахустин шуда ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бо барномаи рангини ҳунарӣ иборат аз суруду таронаҳои дилнишин дар васфи Ватан, Тоҷикистон, ваҳдату осоиштагӣ, сулҳу дӯстӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ ва рақсҳои ҷаззобу дилрабо баромад намуданд.

Ҳунармандони маъруфи кишвар Қобилҷон Зарифов, Фарҳоди Одина, Абдувоҳид Холов, Гулистон Саидова, Илҳом Муъминов, Маҳмудҷон Алиев ва дигарон бо самимияту муҳаббати беандоза баромад намуда, бо сурдҳои ҷаззобу шуниданӣ хотири кормандони нерӯгоҳро шод гардониданд.

29.07.22.1 1Ёдрас мешавем, ки баромади муассисаҳои тобеи вазорат дар нерӯгоҳ идома дошта, рӯзи 4 августи соли ҷорӣ Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов бо намоишномаи дидании “Арӯси ҷангара”-и асари Султоншоҳ Муқадамов дар таҳияи Мирзоватан Миров баромад хоҳанд кард.

Дар намоишномаи “Арӯси ҷангара” ҳунарпешагони машҳуру боистеъдоди театр Насриддин Нуриддинов, Гулбибӣ Бобомуродзода, Аҳлиддин Ҳасанзода, Марҳабо Файзиева, Наврӯз Муминшоев, Дилшод Шарифов ҳунарнамоӣ намуда, хотири ҳаводорону дӯстдорони ҳунару санъатро шод мегардонанд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг