Сомонаи пешина | Чш, 08 Феврал 2023 / 12:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

НАМОИШГОҲИ ДАҲУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “КИТОБИ ДУШАНБЕ” ИФТИТОҲ ГАРДИД

14.12.2022.1Субҳи 14 декабри соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими кушодашавии Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, корпуси дипломатии муқими кишвар, аҳли фарҳангу адаб, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2010 инҷониб ҳамасола Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” дар пойтахти мамлакат доир мегардад, ки он дар таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои ба мо дӯсту бародар нақши муҳим мебозад.

Дар намоишгоҳи имсола зиёда аз 4 000 (чор ҳазор) номгӯ китоб аз 8 ноширони кишварҳои хориҷӣ, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Ҳиндустон ва зиёда аз 30 ноширони дохилӣ, аз қабили Муассисаи нашриявии “Маориф”, “Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик”, Нашриёти муосир, “Ирфон”, “Адиб”, “ЭР-Граф”, “Тиб”, КВД “Комбинати полиграфии Душанбе”, КВД “Шарқи озод”, КВД “Қонуният”, “Матбааи Донишгоҳи милли Тоҷикистон”, “Матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ”, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, “Олами китоб”, Адабиёти бачагона, ҶДММ “Бебок”, ҶДММ, “Торус”, ҶДММ “Офсет”, КВДТС “Китоб” ва дигар нашриётҳои дохилӣ китобҳои тозаэҷоди хешро манзури тамошобинон, аҳли фарҳангу адаб, дӯстдорони китоб мегардонанд.

Пас аз садо донани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш бо суханронии Вазири фарҳанги Тоҷикистон оғоз гардид.

Зулфия Давлатзода зимни суханронии хеш ташрифи меҳмонон ва иштирокчиёнро ба Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” самимона хайрамақдам гуфта, китобро муҳимтарин дастоварди ҷомеаи башарӣ аз оғози таърих то имрӯз, интиқолдиҳандаи таърихи ҳар халқу миллат аз насл ба насл, ташаккулдиҳанда ва ҳифзкунандаи забони миллӣ арзёбӣ намуд ва дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки “Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин моҳияти олии фарҳангӣ ва иҷтимоии китоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати фарҳангии хеш ба масъалаи нашри китоб ва оммавигардонии китобхонӣ дар миёни ҷомеа, бахусус дар миёни насли наврас ва чавонон диққати махсус зоҳир менамоянд. Бинобар ин, дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд”.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо изҳори хушҳолӣ зикр бар он намуданд, ки барои мо боиси хурсандӣ ва шарафи бузург аст, имрӯз мо дар фазои дӯстию бародарию ҳамраъйӣ ноширони ватанию хориҷиро дар ин намоишгоҳи байналмилалии китоб пазироӣ мекунем. Миллати тоҷик ба китоб ҳамчун яке аз унсурҳои аслии фарҳанги башарӣ иртибот, муносибат ва таваҷҷуҳи хоса дорад. Аслан миллати мо бе китоб қобили тасаввур нест.

Таъкид гардид, ки тайи солҳои истиқлол бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хазинаи китоби миллӣ аз ҳисоби нашри нодиртарин осори гаронбаҳои классикони тоҷику форс, асарҳои тозаи адибони муосир ва шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон боз ҳам ғанӣ гардид.

Зулфия Давлатзода дар идомаи суханронии хеш зикр кард, ки ҳар сол бо даъвати кишварҳои дӯст адибону олимон ва ноширони тоҷик дар намоишҳои байналмилалии китоби ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркманистон, Беларус, Федератсияи Россия, Узбекистон, Олмон, Форуми тарҷумонон, нависандагон ва ноширони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил фаъолона иштирок менамоянд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар анҷоми баромади хеш ба кори Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” комёбиҳо таманно намуд ва дар фазои тантанавӣ намоишгоҳ ифтитоҳ гардид.

Меҳмонону иштирокчиён аз намоиши китобҳои тозаэҷоди ноширони дохилию хориҷӣ дидан намуда, бо асарҳои адибони классику муосир, адабиёти бачагона, илмӣ, соҳавии кишварҳои иштирокчӣ ошноӣ пайдо намуданд.

Ёдрас мешавем, ки намоиши мазкур бо 16 декабри соли ҷорӣ идома дошта, хоҳишмандон, дӯстдорону ихлосмандони китоб ва ҳар як фарди китобхонро ба тамошои ин намоишгоҳ даъват менамоем.Даромад ба намоишгоҳ озод аст.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон