Сомонаи пешина | Чш, 08 Феврал 2023 / 11:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “КИТОБИ СОЛ-2022” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

15.12.2022.1Рӯзи 15 декабри соли равон дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2022” бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф, ҳайати ҳакамон, адибон ва алоқамандони китоб бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Дар оғози маросим Сафарзода Давлат Шариф ташрифи ҳозиринро ба Вазорати фарҳанг хайрамақдам гуфта, баргузории озмуни мазкурро, ки ҳамасола бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат роҳандозӣ мегардад, падидаи беназиру қобили қабули аҳли фарҳангу маънӣ арзёбӣ намуд.

Мавсуф дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки имрӯзҳо маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои зиёди адибони классику муосири тоҷику форс рӯи чоп меоянд ва хонандагон, дӯстдорони китоб аз ин осори пурғановати эшон ғизои маънавӣ мебардоранд. Ҳадаф аз баргузории озмун ин қадрдонӣ намудани осори гаронарзиши шоирону нависандагон хушзавқу ширинбаёни тоҷик мебошад.

Зикр гардид, ки Озмун аз рӯйи шаш номинатсия баргузор гардида, 45 довталаб асарҳои худро барои иштирок ба озмун пешниҳод намуданд.

Озмунро ҳакамони нуктасанҷ дар ҳайати Аскар Ҳаким шоири халқии Тоҷикистон, раиси ҳакамон, Сафарзода Давлат Шариф муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, муовини раиси ҳакамон, аъзоён-Рустами Ваҳҳоб шоири халқии Тоҷикистон, Муҳтарам Ҳотам шоири халқии Тоҷикистон, Кароматулло Олимов нависанда, корманди АМИҶТ, Муртазо Зайниддинов муҳаққиқ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба асарҳои пешниҳодшудаи адибон баҳогузорӣ карданд.

Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон муаллифони зерин ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол - 2022” гардиданд:

Дар номинатсияи китоби назм

Ҷойи якум: Давлати Раҳмониён бо китоби “Ҳаҷми нигоҳ”;
Ҷойи дуюм: Сафар Амирхон бо китоби “Боғ дар оғуши борон”
Ҷойи сеюм; Абдулқаҳори Мӯсо бо китоби “Орзуи сабз”.

Дар номинатсияи китоби наср:
Ҷойи якум: Ато Ҳамдам бо китоби “Зинаҳои дузах”
Ҷойи дуюм: Сайдаҳамади Зардон бо китоби “Чароғи нигоҳ”
Ҷойи сеюм: Тоҳири Маҳмадризо бо китоби “Ҳар давру ҳар мард”.

Дар номинатсияи асарҳои публисистӣ:
Ҷойи якум: Абдулҳамид Самад бо китоби “Дастовез”
Ҷойи дуюм: Абдураҳмонон Абдуманнонов бо китоби “Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик”
Ҷойи сеюм: Беҳрӯзи Забеҳулло бо китоби “Офтобе дар миёни сояе”.

Дар номинатсияи асарҳои назми бачагона:
Ҷойи якум: Ҷӯра Ҳошимӣ бо китоби “Машқи ҳисоб”
Ҷойи дуюм: Раҳмат Назрӣ бо китоби “Ширангубин”
Ҷойи сеюм: Нуруллои Ориф бо китоби “Қанди додо”.

Дар номинатсияи асарҳои насри бачагона:
Ҷойи якум: Маҷид Салим бо китоби “Саги кӯр”
Ҷойи дуюм: Гулчеҳра Муҳаммадиева бо китоби “Туй дар Беша”
Ҷойи сеюм: Бежани Ризо бо китоби “4+4”.

Дар номинатсияи асарҳои тарҷумаи бадеӣ:
Ҷойи якум: Муъмин Қаноат, “Аз Ховар то Бохтар”
Ҷойи дуюм: Амонбой Ҷумаев, асари Саттор Турсун “Бир кеча йӯлда” (“Шабе дар роҳ”)
Ҷойи сеюм: Исобоева Саломат, “Афсонаҳои халқҳои ҷаҳон”.

Инчунин бо Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Озмуни “Китоби сол - 2022” китобҳои зерин сазовор дониста шуд: Файзулло Эшҷонов бо китоби “Бардоштҳои зиндагӣ”, Ҷафъари Ранҷбар бо китоби “Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ”, Қозиён Шариф бо китоби “Истиқлолият ва мактаби давлатдории Пешвои миллат”, Аскари Абдусамад бо китоби Энсиклопедияи “Фархор” (нашри 2), ТҶБ “Истиқбол” бо китоби Бузургмеҳри Тоҷиддин “Тӯмор” ва Муассиаи нашриявии “Адиб” бо китоби “Умрпайванди китоб” ва "Иҷлосияи тақдирсоз”.

Дар анҷоми маросим Сафарзода Давлат Шариф ғолибони озмунро табрику таҳният гуфта, ба адибони соҳибзавқи кишвар дар эҷоди асарҳои ҷолибу хонданӣ комёбиҳои назаррас таманно намуд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон