Сомонаи пешина | Чш, 08 Феврал 2023 / 12:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ИСТЕЪДОДҲОИ НАВРАС ТАҲТИ УНВОНИ “РАССОМИ НАВРАС”

16.12.2022.1Рӯзи 15 декабри соли равон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Озмуни истеъдодҳои наврас зери унвони “Рассоми наврас” ҷамъбаст гардид.

Озмуни “Рассоми наврас” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон дар соҳаи санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, санъати ороишӣ-амалӣ (кулогарӣ, заргарӣ), таблиғу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносии ҷавонон, омода намудани истеъдодҳои ҷавон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорон, ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба санъати рассомӣ, дарёфт ва тарғиби асарҳои рассомони ҷавон, интихоби ҷавонони боистеъдод барои таҳсил дар муассисаҳои таълими миёна ва миёнаи касбии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирии рушди соҳа гузаронида шуд.

Озмуни мазкур аз соли 2016 инҷониб баргузор гардида, шумораи зиёди рассосомону эҷодкорони ҷавону наврас бо асраҳои тозаэҷоди хеш дар ин озмун иштирок менамоянд.

Дар озмуни имсола шумораи иштирокдорон беш аз 200 нафарро ташкил дода, зиёда аз 322 асарҳои эҷодкардаи иштирокчиён пешкаши ҳакамон гардид ва аз ин шумора 33 нафарашон соҳиби диплом ва 12 нафарашон ғолиби озмун шуданд.

Озмун дар ду давр аз рӯи равияҳои санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ дар мавзӯъҳои Истиқлолият, Тоҷикистон, Ватан, сулҳ, Ваҳдат аз рӯи синну соли 7 то 18 сола дар се гурӯҳ: гурӯҳи хурдсол (аз 7 то 10 сола), гурӯҳи наврасон (аз 11 то 14 сола) ва гурӯҳи наврасон (аз 15 то 18 сола) баргузор гардид.

Дар Озмун ҳакамон дар ҳайати Холов Мизроб Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессори кафедраи “Дизайн ва меъмори”-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, раиси ҳакамон, аъзоён-Сайфуддинов Анваршо Арбоби ҳунари Тоҷикистон, омӯзгори калони Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, Бойматова Муноҷот омӯзгори кафедраи “Санъати ороишӣ-амалӣ ва монументали”-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Бозоров Умед муовини директор оид ба таълими Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов ва Суюнов Эркин мудири кафедраи “Дизайн ва меъморӣ”-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳунару маҳорати довталабон баҳогузорӣ намуданд.

Дар маросими ҷамъбаст ва мукофотсупорӣ ба ғолибони озмун муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, ҳайати ҳакамон, устодон ва иштирокчиёну ғолибони озмун иштирок доштанд. Маросим бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати идона баргузор гардида, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Достизода Миралӣ ва аъзои ҳакамон ҷоиза ва мукофотҳои пулиро ба ғолибон тақдим намуданд.

Дар равияи санъати тасвирӣ, гурӯҳи хурдсолон аз 7 то 10 сола ҷои якум ба Гармаков Эраҷ Ҷамиевич аз Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзода”-и шаҳри Душанбе, ҷои дуюм ба Мухамеджанов Бақо Сергеевич аз Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзода”-и шаҳри Душанбе, ҷои сеюм ба Алиҷонова Марям Фирӯзҷоновна аз Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзода”-и шаҳри Душанбе сазовор гардиданд.

Гурӯҳи наврасон аз 11 то 14 сола ҷои якум ба Валиева Сабрина Наимҷоновна аз Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзода”-и шаҳри Душанбе, ҷои дуюм ба Юсуфбекова Анаис Юсуфовна аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ҷои сеюм ба Имамова Дилноза Ибодуллоевна аз Студияи бачагонаи рассомони навраси назди Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов” сазовор дониста шуд.

Гурӯҳи наврасони аз 15 то 18 сола ҷои якум ба Муминова Мумина Маҳмадшарифовна аз Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимав”, ҷои дуюм ба Сафарова Амина Баҳромовна аз Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзода”-и шаҳри Душанбе, ҷои сеюм ба Раҳматова Анора Қосимовна аз Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев” сазовор гардиданд.

Дар равияи санъати ороишӣ-амалӣ ҷои якум ба Юлдошова Зуҳал Зафаровна аз Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимав”,ҷои дуюм ба Назарқулов Умар Муҳаммадалиевич аз Муассисаи давлатии мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода, ҷои сеюм ба Аблақулова Нилуфар Бахтиёровна аз Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимав” сазовор дониста шуд.

Ҳамзамон як қатор иштирокчиёни фаъол бо Дипломи Озмун қадрдонӣ гардиданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон