Сомонаи пешина | Чш, 08 Феврал 2023 / 13:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ИШТИРОКЧИЁН ВА ФАЪОЛОНИ НАМОИШГОҲИ ДАҲУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “КИТОБИ ДУШАНБЕ” БО ДИПЛОМ ВА СИПОСНОМАҲОИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

16.12.2022.2Рӯзи 16 декабри соли равон Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҷаъмбаст гардид.

Мавриди зикр аст, ки ин чорабинии хеле муҳимму боаҳмият аз 14 то 16 декабри соли ҷорӣ ба шарофати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан дастгириҳои пайваста ва дастуру ҳидоятҳои Асрсгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Тайи рӯзҳои баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” ноширон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Туркия, Ҷумҳури Исломии Эрон ва ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз чор ҳазор номгӯй китобро дар ҳама жанрҳои эҷодӣ ба маърази диди мардум гузоштанд. Нафарони зиёде ҳам барои худ ва фарзандони хеш аз ин намоишгоҳ беҳтарин китобҳоро дастрас намуданд.

Дар доираи рӯзҳои баргузории намоишгоҳ меҳмонон аз бузургтарин махзани китоби мамлакат – Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аз маркази ифтихорот ва ёдгориҳои бостонии миллии мо – Осорхонаи миллии Тоҷикистон, аз шоҳкориҳои ҳунарии Кохи Наврӯз ва муассисаи табъу нашри “Нашриёти муосир” дар шаҳри Душанбе дидан намуда, барои хеш таассуроти амиқу фараҳбахше аз кишвари зебои мо бардоштанд. Дар маросими поёни кори Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» иштирокдорон ва фаъолони ин чорабинии муҳимми фарҳангӣ бо дипломҳо ва сипосномаҳои Вазорати фарҳанг қадрдонӣ гардиданд.

Дар чорабинӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф ширкат намуда, аз номи Вазорати фарҳанг ба намояндагони интишорот ва сафоратҳои ҳамаи кишварҳое, ки даъвати моро пазируфта, дар ин намоишгоҳи байналмилалии китоб фаъолона ширкат варзиданд, самимона изҳори сипос кард. Ҳамчунин, арзи сипосу миннатдорӣ аз муассисаҳо ва ноширони ватанӣ, ки беҳтарин китобҳои худро дар ин намоишгоҳ ба маърази тамошо ва истифодаи алоқамандони китоб қарор доданд, иброз дошт.

Мавсуф дар идомаи сухани хеш изҳор дошт, ки ин чорабинии хеле муҳимму боаҳаммият ба шарофати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан дастгирии пайваста ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ки аз ин бобат ба Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар аз номи вазорат ва кулли иштирокдорони Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» изҳори ташаккур мекунам.

Гуфта шуд, ки китоб беҳтарин мубаллиғ ва пайвандгари афкору андешаҳои судманд, беҳтарин ҳамнишини инсон аст. Китоб дӯсте аст, ки ҳаргиз инсонро гӯл намезанад. Китоб рафиқе аст, ки инсонро хаста намекунад ва раҳнамое аст, ки туро ба бадбахтӣ намеандозад. Китоб чизе аст, ки ҳарчи бештар ба он назар андозӣ, туро бештар баҳраманд месозад ва истеъодҳоятро шукуфо мекунад. Ҳарчи бештар китоб бихонем, беҳтарин суханҳо аз забони мо берун меоянд. Ва шумо ноширони гиромӣ, бо нашри китоб беҳтарин хидматро ба мардум мекунед.

Зикр гардид, ки Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” барои ноширони ватанию хориҷӣ ин фурсати тиллоиро низ фароҳам овард, ки бо ҳамдигар аз наздик мулоқоту гуфтугӯ кунанд, аз таҷрибаи якдигар баҳравар гарданд ва бо ҳамдигар равобити дӯстию ҳамкорӣ барқарор намоянд.

Сипас, дар фазои тантанавӣ аз номи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорон ва фаъолони ин чорабинии муҳимми фарҳанги бо дипломҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон