Сомонаи пешина | Чш, 08 Феврал 2023 / 12:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ МИЁНАИ МАХСУСИ МУСИҚИИ БА НОМИ ЗИЁДУЛЛО ШАҲИДӢ БАХШИДА БА ГИРОМИДОШТИ ХОТИРИ ОҲАНГСОЗ ЗОКИР НИШОНОВ БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ ДОИР НАМУД

19.12.2022.1Рӯзи 16 декабри соли 2022 бо мақсади гиромидошти хотираи композитори шинохтаи тоҷик шодравон Зокир Нишонов дар толори консертии Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби хонандагони синфи 9 дар бораи ҳаёт ва фаъолияти композитор Зокир Нишонов гузоришҳо пешниҳод гардиданд.

Дар барномаи фарҳангии чорабинӣ аз эҷодиёти композитор оркестри омехтаи мактаб-интернат бо як маҳорати хос иҷро намуд

Зикр кардан ба маврид аст, ки оркестри мактабӣ зери роҳбарии дорандаи ордени «Шараф дараҷаи 2» устод Ганҷ Ғуломҳайдаров фаъолият менамояд. Бо назардошти ин, баҳри такомул додани фаъолияти эҷодӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии толибилмон, хонандагони синфҳои 11-уми мактаб ҳам ба сифати дирижёр ҳунарнамоӣ карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти мактаб ба масъулин ҷиҳати баргузор намудани чунин барномаи фарҳангӣ арзи сипосу миннатдорӣ баён гардид.